home Руйдодхо Видео: Амали нек бо маблаги чамъоварда барои хач — Восеъ

Видео: Амали нек бо маблаги чамъоварда барои хач — Восеъ

Сокини нохияи Восеъ, аз Чамоати дехоти ба номи Абуабдулло Рудаки,  Нурулло Наврузов бахри ободии   дехаашон амали некеро анчом дод. Нурулло, сафари  хачро,   ба таъхир гузошту, бо маблагхои пасандознамудааш  ин гулгаштро бунёд кард.    Амаки Нурулло,  ки инсони босаводу дурандеш аст, икдомхои шахсони саховатмандро  дар  ободии  махал, деха,    тавасути телевизион тамошо мекард. У мегуяд, ки аз чунин  амалхо  илхом гирифта   ба   ин  карор  омадааст.

Амали нек бо маблаги чамъоварда барои хач-Восеъ 04

Амали нек бо маблаги чамъоварда барои хач-Восеъ 06

Амали нек бо маблаги чамъоварда барои хач-Восеъ 07

Амали нек бо маблаги чамъоварда барои хач-Восеъ 12

Амали нек бо маблаги чамъоварда барои хач-Восеъ 17

Амали нек бо маблаги чамъоварда барои хач-Восеъ 19

Ин гуша, чое ки гулгашт сохта шудааст, доманаи теппа, сохили дарёча,  канори деха, шафати рохи мошингузару одамгузар мебошад. Се сол пеш вайронае буду  партовхо мехобиданд.    Он вакт, одамон кушиш мекарданд, ки   хар чи тезтар  аз ин чо  гузаранд.   Амаки Нурулло дар натичаи мехнат ва захмати зиёд,  ин гушаро обод кард.  Нихолхои гуногуни мевадиханда, сояафкану ороиши шинонида парвариш ва нигохубин кард.  Ба хисоби мо   зиёда аз 900 дарахт,   дар холи афзоиш карор дошта манфиаташон ба тозагии мухит  ва одамон мерасанд. Ин чо  макони лолахо гаштааст.  Лолахои  сурх ва  сафед,  катор истода,  диккати хар бинандаро ба худ чалб менамоянд. Дар гулгашт  майдони кушод,  барои  баргузории  чорабинихои фарханги ва маърифати сохта шуда,  барои истирохати сокинон  фарохам овардани шароитхои дигар   дар назар дошта шудааст.

Амали нек бо маблаги чамъоварда барои хач-Восеъ 34

Амали нек бо маблаги чамъоварда барои хач-Восеъ 38

Амали нек бо маблаги чамъоварда барои хач-Восеъ 47

 

Амали нек бо маблаги чамъоварда барои хач-Восеъ 49

Амали нек бо маблаги чамъоварда барои хач-Восеъ 51

 

Сокинони деха, бо гулгашти сохтаи амаки Нурулло ифтихор менамоянд. Акнун мехмоне, ки вориди деха мегардад,  аз ин зебои  дидан намуда, ба ободкунандаи он ахсан  хонда дуои нек медиханд.

Амали нек бо маблаги чамъоварда барои хач-Восеъ 22

Амали нек бо маблаги чамъоварда барои хач-Восеъ 26

Амали нек бо маблаги чамъоварда барои хач-Восеъ 28

Амали нек бо маблаги чамъоварда барои хач-Восеъ 31

Амали нек бо маблаги чамъоварда барои хач-Восеъ 32

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *