home Руйдодхо Видео: Чашни Сада — Восеъ

Видео: Чашни Сада — Восеъ

Чашни сада, ки омодаги ба кишту кори бахори  аст,  дар нохияи Восеъ, бо  намоиш ва фуруши нихолхо шуруъ гардид.     Бахшида ба ин чашнвора, ин гуна нихолхои  гуногун  пешниход  шудаанд.   Оиди коидахои дурусти  шинонидани нихол  мутахасисон   ба сокинон маслихат доданд.  Ин нихолхо,аз кабили  себу зардолу, шафтолу ва гелос   дар шароити заминхои  сиёхоки хочагии нихолпарварии нохияи Восеъ, парвариш  карда шудаанд. Дар мавсими нихолшинонии имсола  ин хочаги зиёда аз 500 хазор бех нихолхои гуногунро  пешкаши шахру нохияхои Чумхури намудааст.  Дар самти ободони ва кабудизор намудани майдону гулгаштхо,  дигар хочагихои нохия  низ  мавсими бахоро интизор хастанд.

Чашни Сада-Восеъ 04 Чашни Сада-Восеъ 05 Чашни Сада-Восеъ 06 Чашни Сада-Восеъ 08 Чашни Сада-Восеъ 10 Чашни Сада-Восеъ 11 Чашни Сада-Восеъ 16 Чашни Сада-Восеъ 22

Дар чашни сада,  раиси нохияи Восеъ, рохбарони чамоатхои дехот,  ташкилоту муассисахои нохия, аз намоиши дастовардхои   кишоварзону сокинони нохия, дидан намуданд.  Яке аз бахшхои пешбарандаи иктисодиёти нохия  ва ба чои кор таъмин намудани сокинон   ин сохаи кишоварзи буда,  солхои охир рушд дорад.  Кишоварзони нохияи Восеъ, дар самти истехсоли  махсулоти  кишоварзи имсол ба натичахои назарас ноил гардидаанд.  Хамин аст, ки дар бозори истеъмолии нохия,  назар ба хамин давраи соли гузашта, нархи картошка ва пиёз як баробар арзон шудааст.  Намоиши махсулотхои кишоварзи, ки  сокинони чамоатхои дехот бахшида ба чашни сада пешниход намуданд, махсули мехнати  худи сокинон мебошанд. Дар чашни сада, дар нохияи Восеъ, сайёхони хоричи хам иштирок доштанд. Онхо хунар ва махорати занон ва духтаронро аз наздик дида, ба махсулотхои таёрнамудаи онхо тавачухи калон зохир намуданд.

Чашни Сада-Восеъ 40

Чашни Сада-Восеъ 41

Чашни Сада-Восеъ 45

Чашни Сада-Восеъ 48

Чашни Сада-Восеъ 49

Чашни Сада-Восеъ 50

Дар чашни сада, маорифчиёни нохияи Восеъ, иштироки фаъолона доштанд. Аз 15 муассисаи таълими,  махсули корхои аъзоёни махфили дастони мохир ба намоиш гузошта шуданд.Ин гулхо махсули мехнати муаллимон ва шогирдони муассисаи таълимии №10 хастанд.  Дар  ин мактаб хамин гуна гулхо парвариш  меёбанд.  Бо хамин тарзи корбари  дар тарбияи зебопарасии   шогирдон,  муаллимон муввафак гардидаанд. Дар чашни сада,  ба хотири гарми ва равшани хамчун рамзи  чашнвора  гулхан афрухта шуд. Дар кисмати расмии чорабини раиси нохияи Восеъ, сокинони нохияро ба чашни сада табрик намуда, аз онхо даъват ба амал оварданд, ки ба кишту кори бахори омодагихои чидди бинанд. Дар вазъияти идона, он нафароне ки дар пешбурди сохаи кишоварзи сахми арзанда гузоштанд, аз номи макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия бо сипоснома  кадр карда шуданд.

Чашни Сада-Восеъ 25

Чашни Сада-Восеъ 29

Чашни Сада-Восеъ 30

Чашни Сада-Восеъ 34

Чашни Сада-Восеъ 36

Чашни Сада-Восеъ 37

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *