home Руйдодхо Видео: Даст надошта бошам хам бо поям гулдузи мекунам — Восеъ

Видео: Даст надошта бошам хам бо поям гулдузи мекунам — Восеъ

Сокини дехаи Пушёни поён аз чамоати дехоти  ба номи Худоёр Рачабов нохияи Восеъ, Саодат  Хочаева   гулдузи  медузад. Ба ин шугл    аз аёми хурди  завки беандоза дошт.  Бо вучуди он ки такдир  ба Саодат  даст надод,  аммо  ирода   ва ризки   уро кам накард.  Ана хамин тавр  Саодат бо   пояш  гулдузи медузад. Як дасташ нест. Дасти дигараш кутох, лекин ноумед нашуд. Мубориза бурд. Бо истифодаи    дасту пояш  сузану риштаро дошта    ба ин шугл машгул шудааст.  У мегуяд, ки рузхои аввал  ин кор  барояш  душвори  дошт.  Аммо  кушиш кард.  Сипас  бо гузашти рузхо  оддат карда ана хамин тавр хунарманди мохир   гашт. Аз хама мухим, мегуяд, ки   ба орзуяш гулдузи духтан  расид.

Даст надошта бошам хам бо поям гулдузи мекунам-Восеъ 01

Даст надошта бошам хам бо поям гулдузи мекунам-Восеъ 06

Бо чунин тарз Саодат дар хона  ба ин шугл машгул шуда  хамин гуна  гулдузихо медузад. Ба бозор бароварда, аз даромади он   ризки халол  пайдо менамояд.   Саодат бо мошинаи дарздузи низ  пештар кор кардааст. Мегуяд, ки дар бозор тавачух ба гулдузихои дастидухташуда бештар аст. Аз хамин сабаб ин гуна гулдузи медузад. Гайр аз ин  дигар хунар  хам  дорад.  Дар хона кадбонуи хуб аст.

Даст надошта бошам хам бо поям гулдузи мекунам-Восеъ 36

Даст надошта бошам хам бо поям гулдузи мекунам-Восеъ 37

Даст надошта бошам хам бо поям гулдузи мекунам-Восеъ 39

Даст надошта бошам хам бо поям гулдузи мекунам-Восеъ 44

Даст надошта бошам хам бо поям гулдузи мекунам-Восеъ 47

Даст надошта бошам хам бо поям гулдузи мекунам-Восеъ 51

Даст надошта бошам хам бо поям гулдузи мекунам-Восеъ 53

Саодат оиладор аст.  Точиддин шавхари Саодат маъюби гурухи дуюм Саодат маъюби гурухи якум мебошанд. Онхо хамдигаро бо ишку мухаббат  нагз дида гирифтаанд. Точиддин мегуяд, ки  хамтакдирон   ахволи хамдигаро хубтар дарк мекунанд. Се  фарзанд доранд. Хар се писар хастанд. Барои  дастгири  ва гамхорихо дар хакки онхо ин оила  аз  давлату Хукумат минатдор хастанд. Саодат бо гуруру часури мегуяд, ки даст надошта бошам хам бо поям гулдузи карда накшамро дар ободии ватан  мегузорам.

Даст надошта бошам хам бо поям гулдузи мекунам-Восеъ 08

Даст надошта бошам хам бо поям гулдузи мекунам-Восеъ 11

Даст надошта бошам хам бо поям гулдузи мекунам-Восеъ 14

Даст надошта бошам хам бо поям гулдузи мекунам-Восеъ 17

Даст надошта бошам хам бо поям гулдузи мекунам-Восеъ 24

Даст надошта бошам хам бо поям гулдузи мекунам-Восеъ 28

Даст надошта бошам хам бо поям гулдузи мекунам-Восеъ 30

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *