home Руйдодхо Видео: Дехаи Чаврез мактаб надорад — Восеъ

Видео: Дехаи Чаврез мактаб надорад — Восеъ

Дар дехаи Чаврез Сафар Чонкобилов вазифаи раиси кумитаи махаларо ба душ дорад. Рузхои боришоти барфу борон ташвиши у зиёдтар аст.  Дехаи онхо мактаб надорад. Аз хамин сабаб кудакон дар мактаби дехаи хамсоя ба тахсил фаро гирифта шудаанд. То дехаи хамсоя кудакон масофаи зиёда аз як километр рохро тай менамоянд. Дар чунин рузхо рафтани кудакон ба мактаб душвор мегардад. Бо вучуди  мушкилихо амаки Сафар кудаконро таъкид менамояд, ки  ба мактаб раванд, онхо аз машгулиятхои дарси кафо намонда, савод омузанд.

Дехаи Чаврез мактаб надорад-Восеъ 38

Дехаи Чаврез мактаб надорад-Восеъ 40

Дехаи Чаврез мактаб надорад-Восеъ 46

Дехаи Чаврез мактаб надорад-Восеъ 48

Дехаи Чаврез мактаб надорад-Восеъ 49

Дар худуди чамоати дехоти ба номи Абди Авазов,  Чаврез яке аз дехахои калон  ба хисоб меравад.  Аз руи маълумотхо, дар ин деха  зиёда   аз  панчсад адад  хочаги истикомат намуда,    шумораи манзилхои нави истикомати  сол то меафзоянд.  Бо  пешниходи  сохибкорон, дар маркази деха сохтмони бинои  дуошёнаи  истикомати  дар арафаи анчомёби  мебошад.  То чашни навруз 60 оилаи дигар   сохиби манзил мегарданд.  Дар чунин вазъият талабот ба тахсил  боз хам бештар мегардад.  Дар хусуси  сохтмони мактаб,  раиси кумитаи  махалаи ин деха Сафар Чонкобилов    борхо ба чамоати дехот  мурочиат намудааст.

Дехаи Чаврез мактаб надорад-Восеъ 11

Дехаи Чаврез мактаб надорад-Восеъ 34

Дехаи Чаврез мактаб надорад-Восеъ 36

Дехаи Чаврез мактаб надорад-Восеъ 37

Сокинони дехаи Чаврез, тибки дастури макомоти  ичроияи хокимияти давлатии нохия, ба масъалаи бунёди иншооти маорифу тандурусти, таъмиру бозсозии  роххои байни деха ахамияти авалиндарача медиханд. Бо дастгирии онхо се купруки байни деха ки дар холати вайрона карор дошт, таъмир карда шуданд. Бинои маркази саломатии деха тарики хашар бо дастгирии   худи  сокинон сохта шуд.  Бо дастгирии сохибкорон,  деха сохиби  хамом гардид. Дар ободу зебо гардонидани  махали зист, тоза кардани партовхо  аз сохили захкашу чуйборхо кабудизор намудани мухити махал, сокинон   сахми арзанда гузошта истодаанд. Бо эълон гаштани солхои 2019-2021 соли «Рушди дехот, сайёхи ва хунархои мардуми» сокинони деха, умед ба онро доранд, ки    дехаи онхо сохиби мактаб, богча ясли ва майдони варзиши хохад гардид. Дехаи Чаврез мактаб надорад-Восеъ 02

Дехаи Чаврез мактаб надорад-Восеъ 05

Дехаи Чаврез мактаб надорад-Восеъ 06

Дехаи Чаврез мактаб надорад-Восеъ 09

Дехаи Чаврез мактаб надорад-Восеъ 10

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *