home Руйдодхо Видео: Файзи Истиклол — Хамадони

Видео: Файзи Истиклол — Хамадони

Тибки накшаи корхои созандагиву ободони ба муносибати  30 солагии истиклоляти давлатии чумхурии Точикистон  дар нохияи ба номи Мир Саид Алии Хамадони  дар баробари    дастрасии  сокинон бо оби  босифати ошомидани, сохтмони рохо  ва  дигар  иншоотхои  таъиноти ичтимои  идома доранд.  Дар чунин рузхои фарахбахшу хотирмон   дар чамоати дехоти  Кахрамон  марказхои нави хизматрасони ба   ахоли мавриди истифода карор мегиранд.       Дар дехаи Дараи Калоти ин чамоати дехот   кушода шудани марказхои  хизматрасониро сокинони дехот   интизор буданд. Дар ин нуктахои хизматрасони  махсулоти ниёзи мардум   ва молхои истехсолии хунармандони дохили  ва дехконон  пешкаши  сокинони дехот гардонида  шуда, сатху сифати чунин хизматрасонихо  боз хам бехтар гардиданд.

Файзи Истиклол-Хамадони 01 Файзи Истиклол-Хамадони 06 Файзи Истиклол-Хамадони 09 Файзи Истиклол-Хамадони 11 Файзи Истиклол-Хамадони 12 Файзи Истиклол-Хамадони 13 Файзи Истиклол-Хамадони 17 Файзи Истиклол-Хамадони 19

Панч нафар сокинони деха ба чои кори доими таъмин  шуданд.  Сокинони  дехаи Дараи Калот, ки  шумораи ахолии он  4,5 хазор нафарро  ташкил медихад  сокинони он  аз набудани дорухона танкиси кашида   масофаи дурро тай менамуданд. Барои дасрасии доруворихо  вакти зиёди худро сарф менамуданд.  Бо кушода шудани ду нуктаи дорухона  ин  мушкилоти онхо хам хали худро пайдо кард.

Файзи Истиклол-Хамадони 40

Файзи Истиклол-Хамадони 42

Файзи Истиклол-Хамадони 43

Файзи Истиклол-Хамадони 46

Файзи Истиклол-Хамадони 47

Файзи Истиклол-Хамадони 48

Файзи Истиклол-Хамадони 49

Файзи Истиклол-Хамадони 50

Хамин гуна   марказхои хизматрасонии ичтимои  дар дехаи Кахрамони хамин чамоати дехот мавриди  истифода карор дода шуданд. Дар маросими расман мавриди бахрабардори карор гирифтани иншоотхои хизматрасони намояндагони макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия иштирок намуда, зикр намуданд,  ки  солхои 2019- 2021 « Солхои  рушди дехот, сайёхи ва хунархои мардуми» ба дарки ахамияти самтхои мазкур дар хаёти  ичтимоиву иктисодии сокинони нохияи ба номи Мир Саид Алии Хамадони  такони чидди бахшидаст.

Файзи Истиклол-Хамадони 20

Файзи Истиклол-Хамадони 21

Файзи Истиклол-Хамадони 23

Файзи Истиклол-Хамадони 25

Файзи Истиклол-Хамадони 27

Файзи Истиклол-Хамадони 28

Файзи Истиклол-Хамадони 32

Файзи Истиклол-Хамадони 34

 

Гузориши Хоча  Назриев,  Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *