home Руйдодхо Видео: Фархор — Истирохати тобистона

Видео: Фархор — Истирохати тобистона

Кормандони  раёсати кор бо занон ва оилаи макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Хатлон  барои шиносои  оиди ташкили  истирохати тобистонаи  кудакон ва наврасон дар  нохияи Фархор  ба  лагери  таълимию табобати ва фарогатии «истеъдодхо» ташриф оварда   бо мурабихо ва  кудакон хамсухбат шуданд. Лагери таълимию табобати  ва фарогатии «истъдодхо» дар осоишгохи нохияви маркази  байнинохиявии баркароркунии саломатии «Насими Фархор»  яке аз мавзеъхои  хушманзараи шахраки Фархор ташкил шудааст. 35 нафар кудакон ва наврасон аз нохияи Фархор ва нохияи ба номи Мир Саид Алии Хамадони   ба ин истирохатгох фаро гирифта шуданд.

Фархор.Истирохати тобистона 01

Фархор.Истирохати тобистона 05

Фархор.Истирохати тобистона 06

Фархор.Истирохати тобистона 14

Фархор.Истирохати тобистона 17

Фархор.Истирохати тобистона 20

Дар лагери таълимию табобати ва фарогатии «истеъдодхо» барои истирохати кудакон ва наврасон шароитхои мусоид фарохам оварда шудааст. Дар истирохатгох,  синфхонаи компютери ва  китобхона, мавчуд мебошад. Машгулиятхои назарияви дар  синфхонахо гузаронида мешаванд.  Ин чо соати муаян,  кудакон ба мутолиаи китобхои бадеи машгул мегарданд. Дар  истирорхатгох кудакон ба сайёхат баромада  мураби онхоро  бо олами  табиат, гиёхои шифобахш  ва дигар асрори табиат  ошно мегардонад.  Барои  кудакон  дастрахони  нисфирузи ороста мегардад. Ин навбат аз чониби модарон кормандони раёсати кор бо занон ва оилаи макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Хатлон,    хуроки нисфирузи  иборат аз шарбату нушокихо аз  мевахои табии  тайёршуда  пешниход  мегардад.

Фархор.Истирохати тобистона 39

Фархор.Истирохати тобистона 40

Фархор.Истирохати тобистона 43

Фархор.Истирохати тобистона 44

Фархор.Истирохати тобистона 48

Фархор.Истирохати тобистона 50

Аз сахни хавлии осоишгох,  дарёчаи  оби дарёи панч мегузарад. Обаш ширину мусафо аст, мегуянд кудакон. Дар хавои гарми Фархор,    аз сохили  оби  ин  дарёча,   шамоли салкину форам мевазад. Барои сайру гашт ва истирохат  дар сохил,   шаротихои хуб  мухаё карда шудааст. Баъди сайёхат кудакон сари дастархони хуроки нисфирузи нишаста,аз  шарбату мевахои табии нуши чон намуданд. Барои истирохати   кудакон хучрахо  бо  рахти хоб  таъмин  мухаё карда шудааст. Кормандони раёсати кор бо занон ва оилаи макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Хатлон аз ин истирохатгох таасуротхои нек бардоштанд.

Фархор.Истирохати тобистона 23

Фархор.Истирохати тобистона 26

Фархор.Истирохати тобистона 28

Фархор.Истирохати тобистона 33

Фархор.Истирохати тобистона 37

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *