home Руйдодхо Видео: Кишоварз — Восеъ

Видео: Кишоварз — Восеъ

Дар чамоати дехоти ба номи Абди Авазови нохияи Восеъ, дар хочагии дехконии ба номи Чура аъзоёни хочаги имсол дар майдони  6 гектар замин кишти пунбадона гузаронида, аз руи нашъунамои  нихолхои пахта  хочагидорон бо  бовари мегуянд, ки  дар мавсими чамъоварии пахта  на камтар аз 35 сентнери хосил ба даст меоранд. Тавре ки рохбари хочаги      Халил Чуракулов мегуяд,  ин мувафакияти онхо   дуруст  коркарди замин ва саривакт  додани     озука  мебошад.

Кишоварз-Восеъ 01

Кишоварз-Восеъ 06

Кишоварз-Восеъ 08

Кишоварз-Восеъ 10

Кишоварз-Восеъ 14

 

Кишоварз-Восеъ 26

Яке аз  сабабхои  дигари   мувафакияти  ин хочаги,     истифодаи самаранок  аз  техника  мебошад.  Мехнати  дасти кариб ки аз байн рафтааст.  Хочаги дорои ду техника,  трактори МТЗ   буда,  корхои коркарди заминхоро пурра техника ичро мекунад. Ёдовар бояд гардид, ки бо дастгирии рохбарияти макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия  дар панч соли охир   хочагихои   дехкони  сохиби  зиёда аз 125 хамин гуна техникахои кишоварзи гардиданд, ки ин ба пешрафти сохаи кишоварзии нохия  махсусан чамоати дехоти ба номи Абди Авазов мусоидат намуд. Кишоварзони чамоати дехоти ба номи Абди Авазов  бо истифода аз базаи техники дар баробари пахта хамчунин накшаи дурнамои кишти такрориро  имсол  саривакт ва бо сифат анчом доданд.

Кишоварз-Восеъ 43

Кишоварз-Восеъ 45

Кишоварз-Восеъ 47

Кишоварз-Восеъ 48Кишоварз-Восеъ 51

Кишоварз-Восеъ 53

 

Дар нохияи Восеъ, чамоати дехоти ба номи Абди Авазов  яке аз истехсолкунандаи асосии махсулотхои кишоварзи ба хисоб меравад. Кисми зиёди махсулотхои истеъмолии бозори нохияро кишоварзони хамин чамоати дехот таъмин менамоянд.

Кишоварз-Восеъ 28

Кишоварз-Восеъ 35

Кишоварз-Восеъ 36

Кишоварз-Восеъ 38

Кишоварз-Восеъ 39

Кишоварз-Восеъ 42

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *