home Руйдодхо Видео: Кисми харби Дархои кушод — Восеъ

Видео: Кисми харби Дархои кушод — Восеъ

Ин наврасон, хатмкунандагони  муассисахои тахсилоти миёнаи умуми  аз шахраки Хулбук нохияи Восеъ, хастанд. Баъди як сол барои адои  карзи шахрванди, хизмати ватан модар, даъват мешаванд. Бо максади шиносои бо шароитхои хизмат, ба  кисми  харбии 13483 и Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон вокеъ дар нохияи Восеъ омаданд.  Рохбарияти кисми харби, хамрохи комисари харбии нохияи Восеъ, дар сухбат бо наврасон  зикр намуданд, ки  дар сафхои куввахои мусаллахи Чумхурии Точикистон  чавонони бонангу номус содикона хизмат намуда истодаанд. Хизмат ба ватан мактаби мардонаги аст. Чавонмарди хаккики хамоне аст, ки хизмати ватан модаро  содикона адо намуда, сарбаландона назди падару модар  бармегардад.

Кисми харби.Дархои кушод-Восеъ 01

Кисми харби.Дархои кушод-Восеъ 05

 

Кисми харби.Дархои кушод-Восеъ 06

Кисми харби.Дархои кушод-Восеъ 09

Кисми харби.Дархои кушод-Восеъ 13

Кисми харби.Дархои кушод-Восеъ 14

Сипас наврасон ба гурухо чудо шуда, хамрохи рохбаладон  ба сайри кисми харби баромаданд. Чои хоби сарбозонро аз наздик диданд. Бо сарбозон хамсухбат шуда, ба саволхои худ чавоб гирифтанд.  Дар дохили бинои чои хоб  хонаи фарогати мавчуд мебошад. Дар ин чо сарбозон вакти холиги бо мутолиаи китоб машгул шуда, сухбату вохурихо гузаронида мешаванд. Дастовардхои сарбозон  хамин чо гузошта шудаанд. Аз чои хоби сарбозон наврасон  таасуроти  зиёд бардошта,  сайругаштро идома доданд. Ин чо хонаи дидорбинии волидайн мебошад. Волибайнхое ки аз рохои дур барои аёдати фарзандон меоянд, муддати муян хамин чо зиндаги мекунанд.   Барои зиндаги  ин чо хамаи шароитхо мухаё мебошад. Дар кисми харби   нуктаи тибби  фаъолият намуда,   саломатии сарбозон  хамеша   тахти назорати духтурон  карор дорад.

Кисми харби.Дархои кушод-Восеъ 39

Кисми харби.Дархои кушод-Восеъ 47

Кисми харби.Дархои кушод-Восеъ 48

Кисми харби.Дархои кушод-Восеъ 49

Кисми харби.Дархои кушод-Восеъ 51

Кисми харби.Дархои кушод-Восеъ 53

Дар ин сайёхат наврасон аз нуктахои  машкгохи кисми харби  дидан намуда, бо  омодагии чангии сарбозон  шинос гардиданд. Дар ин сафар дар катори писарон духтарон хам ба хаёти сарбозон  тавачух  зохир намуда, ба ин кисми харби омаданд.  Кисмати намоиши ярокхо, барои наврасон шавковар буд. Ин чо номгуи гуногуни ярокхоро наврасон   аз наздик диданд. Хамин гуна чорабинихо муддати се руз идома ёфта, зиёда аз 1300 нафар наврасон  аз кисми харби дидан   намуданд.

Кисми харби.Дархои кушод-Восеъ 23

Кисми харби.Дархои кушод-Восеъ 24

Кисми харби.Дархои кушод-Восеъ 28

Кисми харби.Дархои кушод-Восеъ 22Кисми харби.Дархои кушод-Восеъ 35

Кисми харби.Дархои кушод-Восеъ 37

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *