home Руйдодхо Видео: Корхонаи нави пахта ва иншоотхои маориф — Восеъ

Видео: Корхонаи нави пахта ва иншоотхои маориф — Восеъ

Дар нохия Восеъ, машварати августии омузгорон аз намоиши дастовардхои  маорифчиёни нохия  огоз гардид. Соли гузашта  маорифчиёни нохия дар чорабинихои  нохияви,  сатхи вилояти ва чумхури  иштирок намуда  дар бахши рушди хунархои мардуми  ва   наврасони навовар  сазовори чойхои намоён гардидаанд. Дар кисмати расмии  машварати августии омузгорон раиси нохияи Восеъ, мудири шуъбаи маорифи нохия ва дигар иштирокчиёни машварат баромад намуданд. Дар нохия  72 муассисаи тахсилоти  умуми  аз чумла як гимназия, 62 муассисаи тахсилоти миёна, панч муассисаи тахсилоти умумии асоси  ва ду муассисаи тахсилоти ибтидои, як мактаб интернати ятимон як интернати хонандагони лаёкатманд шаш муассисаи томактаби, 40 марказхои инкишофи кудакон   фаъолият менамоянд.Дар муассисахои тахсилоти миёнаи умумии нохия чилу хафт хазору 432 нафар хонандагон ба тахсил фаро гирифта шудаанд.

Корхонаи нави пахта ва иншоотхои маориф-Восеъ 01

Корхонаи нави пахта ва иншоотхои маориф-Восеъ 07

Корхонаи нави пахта ва иншоотхои маориф-Восеъ 11

Корхонаи нави пахта ва иншоотхои маориф-Восеъ 13

Корхонаи нави пахта ва иншоотхои маориф-Восеъ 15

Корхонаи нави пахта ва иншоотхои маориф-Восеъ 16

Корхонаи нави пахта ва иншоотхои маориф-Восеъ 18

Корхонаи нави пахта ва иншоотхои маориф-Восеъ 22

Корхонаи нави пахта ва иншоотхои маориф-Восеъ 26

Корхонаи нави пахта ва иншоотхои маориф-Восеъ 32

Имсол дар нохия 3158 нафар синфи 11 ро хатм намуда 2934 нафар хатмкунандагон дар маркази миллии тестии назди Президенти Чумхурии Точикистон барои дохил шудан ба донишгоху донишкадахои чумхури ба кайд гирифта шуданд. Дар соли 2019 корхои сохтмонию бунёдкори  дар 12 муассисахои таълими амали гаштанд. Дар доираи амали гардидани «Барномаи давлатии  рушди муассисахои сохаи маорифи вилояти Хатлон барои солхои 2019- 2021» дар муассисахои таълимии №15 5 синфхонаи иловаги барои 125 чои нишаст, №51 сохтмони 13 синфхона барои 340 чои нишаст №58 10 синфхона барои 240 чои нишаст ба истифода дода шуданд. Дар машварати августии омузгорон  аз номи макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия ва шуъбаи маориф, кумитаи иттифоки касабаи кормандони  сохаи маориф   барои сахми арзанда гузоштан дар таълим ва тарбияи  шогирдон    як катор омузгорон  бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Корхонаи нави пахта ва иншоотхои маориф-Восеъ 36

Корхонаи нави пахта ва иншоотхои маориф-Восеъ 39

Корхонаи нави пахта ва иншоотхои маориф-Восеъ 43

Корхонаи нави пахта ва иншоотхои маориф-Восеъ 44

Корхонаи нави пахта ва иншоотхои маориф-Восеъ 46

Корхонаи нави пахта ва иншоотхои маориф-Восеъ 49

Корхонаи нави пахта ва иншоотхои маориф-Восеъ 50

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *