home Лули Видео: Лулии замонави — Лулихо № 3

Видео: Лулии замонави — Лулихо № 3

Мухриддин Носиров  ва ин шариконаш, чавонони    лули,   хастанд. Онхо  аз    касабаи   авлоди,   ки  гашту гадои  буд,    даст кашиданд. Муддати  як сол мешавад, ки  ана  хамин тавр мехнат мекунанд.  Хона месозанд.   Мехоханд, ки    ризкашонро   бо мехнати халол   пайдо намоянд.    Мухриддин  касби  устогиро пеш гирифтааст.   Ин шугл ба у  писанд омад.    Чор  девори хонаро ана хамин тавр  бо похса   мебардорад.  Ин кори душвор  барои у осон  аст. На хар як устои  хонасоз  бо похса  бо чунин тарз  девори хонаро росту устувор бардошта метавонад.  Агар усто  порае аз похсаро ночо монад, девори бардоштааш  кач гашта, окибат меафтад. Мегуяд, Мухриддин.  Бо похса бардоштани девор аз усто     мехнати софдилона  ва пуртокатро   талаб мекунад.

Лулихо 3-Лулии замонави 04

Лулихо 3-Лулии замонави 05

Лулихо 3-Лулии замонави 06

 

Лулихо 3-Лулии замонави 08

Лулихо 3-Лулии замонави 12

 

Мухриддин дар ин кор алакай  тачриба  дорад. То ин сохтмон  дар ин деха ва дехахои гирду атроф  якчанд хонахои дигаро сохтааст, ки одамон  дар онхо  зиндаги  доранд.   Ба монанди Мухриддин ва хамкоронаш,  имруз  байни лулиён  чунин  нафарон  бисёр хастанд, ки  аз расми  авлоди  гашту гадои,   даст кашанд.  Байни авлодон, чунин одамон  асосан чавонон мебошанд.    Дар дехаи лулиён, Гиёевхо  аз чумлаи  чунин оилахое мебошанд, ки  замонави  шуданд.  Садбарг Гиёева, мегуяд, ки дар гузашта  занони лули   куртаву либосашон хам  аз хисоби  гашт буд.  Акнун  имруз чунин нест. Занону духтарони лули  барои худашон   курта медузанд. Ин куртаи дар тани Садбаргбударо    духтараш духтааст.

 

 

 

 

Лулихо 3-Лулии замонави 28

Лулихо 3-Лулии замонави 29

Лулихо 3-Лулии замонави 32

 

Лулихо 3-Лулии замонави 39

Лулихо 3-Лулии замонави 44

Лулихо 3-Лулии замонави 49

Ба шугл фаро гирифтани лулиён, дар нохияи Восеъ  сахми  идорахои  давлати  нест. Корм андони  шугли ахоли  ва мехнат, чамоатхои дехот  дар ин самт   байни лулиён    кореро ба анчом  нарасонидааст.   Дар хусуси мавчуд будани  идораи шугли ахоли  ва мехнат,  омузиши касбу хунар,  лулиён маълумот надоранд.  Ин хунархоро онхо тавассути мухочирати мехнати дар  федератсияи  Росия аз худ намудаанд. Бо шарофати мухочирати мехнати, дар оилаи Гиёевхо фарзандон хама сохиби касби сохтмони хастанд.  Шамсиддин Гиёев  устои сохтмони бому шифт ва  дохили  хона мебошад. Ин хонаро у сохтааст. Шамсиддин мактаб нахондааст.  Хонда  ва навишта  наметавонад.  Тачрибаи  кори сохтмониро  аз  мухочирати мехнати дар   федератсияи   Руссия аз худ кардааст. Шамсиддин ва хамкоронаш  мегуянд, ки дар мухочирати мехнати дар хоричи кишвар онхо гашту гадои накарда ба корхои сохтмони машгул мебошанд. Дар дехаи Тугарак,  Мухриддин  дигар ба касабаи авлоди  максади баргаштанро надорад. Дар пеш накшахои калон дорад.  Хамрохи  шариконаш,  сохтмони  ин хонаро  тезтар ба анчом расонида,   онхоро    иншооти нав интизор аст.   Мухриддин  дигар чавонони лулиро даъват менамояд, ки аз гашту гадои даст кашида  аз паи онхо раванд.

Лулихо 3-Лулии замонави 14

Лулихо 3-Лулии замонави 17

Лулихо 3-Лулии замонави 20

Лулихо 3-Лулии замонави 21

Лулихо 3-Лулии замонави 23

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *