home Лули Видео: Лулихо № 2. Зан ва оила

Видео: Лулихо № 2. Зан ва оила

Дар чамоати дехоти ба номи Вайсови нохияи Восеъ, дехаи Полвонобод  сокинонаш  лулиён мебошанд. Дар доираи  силсила барномаи «лули» ба ин деха  ташриф оварда  ин навбат    ин гузориши  мо ба  мавзуъи  занон ва оила   бахшида мешавад.  Барномаро аз ин оила шуруъ мекунем. Ман шавхарамро нодида гирифтам. Панч фарзанд дорам. Шукрона нагз мебинам. Келин дорам. Набера дорам. Шукрона ба наздики духтарамро шавхар медихам. Аз шавхарам ягон бади надидам. Одами хуб аст. Аз кучое пул биёрад дасти  манба медихад.    Гулчахон Халосова,   кахрамони   гузориши мо    модари  панч нафар фарзанд  мебошад. Хушдоману биби аст.  Рузи якшанбе гашт намеравад. Дар хона ба корхои рузгордори машгул  мешавад. Таёр намудани  хурок, рубучини хона  хамаи ин корхоро  Гулчахон хамрохи келинаш анчом медихад. Шавхарам  кори мардакиша  мекунад. Худам кори хонаро мекунам. Хурок мепазам. Гашт мерам. Аз гашт меоям, хонаамро тоза мекунам. Гову мол дорам. Шавхарамро нигох мекунам. Оби тахорат медихам.

Лулихо2.Зан ва оила 05

Лулихо2.Зан ва оила 07

Лулихо2.Зан ва оила 08

Лулихо2.Зан ва оила 10

Лулихо2.Зан ва оила 11

Лулихо2.Зан ва оила 12

Лулихо2.Зан ва оила 14

Лулихо2.Зан ва оила 15

Лулихо2.Зан ва оила 16

Лулихо2.Зан ва оила 17

Лулихо2.Зан ва оила 18

Лулихо2.Зан ва оила 21

Нигохубини кудакон  ва  тарбияи  дурусти   онхо  ба души   модар  гузошта шудааст. Шиками сери кудакон хам модарашон  мебошад. Кудаконро ман нигохубин менамоям. Агар ман набошам падараш нигох мекунад. Ман ки гашт равам келинам кудаконро нигох мекунад. Хурок медихад. Дар хона мардак калон аст. Худо нишон надихад, агар мардак аз дунё гузашт, сархисоби хона ба души зан меафтад. Аз руи накли  Гулчахон  дар хаёти оиладории лулиён занон мавкеъи хоса доранд. Инро  Бахтулло Мирзоев мушохида намудааст. У  муддати хашт сол   директори  мактаби лулиён  кор кардааст. Дар  кисман  оилаи лулихо мавкеъи зан назар ба мард калон аст. Маблаге ки чамъ меоранд, дар дасти занхо нигох дошта мешавад. Аз ин бармеояд, ки пул дар дасти кадоме бошад, калон хамон аст. Дар ин хавли  Гулчахон танхо нест.  Хамрохи у шаш келин  зиндаги мекунанд. Хушдоманашон  84 сола аст. Келинхо хама уро гуш мекунанд. Байни келинхо хамдигарфахми  аст. Вазифаи ман  нигох кардани хушдоман аст. Либосшуи ва хурокпази хам кори мо аст. Хафт зани евар хастем. Апаву хохар барин хастем. Байни мо барои кудак чанг нест. Баъзе оилахое хастанд, ки  шаш то хафт келин дар як хавли иборат аз чор сотих зиндаги мекунанд. Ман 24 сол боз дар хамин хавли зиндаги мекунам. Ягон маротиба байни келинхо даъво накардем.   Кудакон чангу даъво мекунанд,мегуем, ки паяшон канда. Ба ин ахамият намедихем. Онхо зиндагии худашонро давом медиханд. Мо дигар дар паи кудакон нестем. Шавхар агар кахраш ояд, мезанад. Кахраш паст шавад, мехрубони мекунад. Хамаи мардакхо хамин хел хастанд. Вакте ки занак мебинад, ки шавхараш   дар газаб аст, мехрубони кунад, аз дилаш мебарорад. Агар ба сари мардак хайтас занад, хайр баъд мезанад, охир.  Пеш аз Гулчахон, Сарвиноз  келини калони аст. Дар 16 солагиаш шавхар кардааст. Дар синни 42 солагиаш шавхараш аз олам гузашт. Аз ин мусибат сахт андухгин шудааст.  Занони лули  мегуянд, ки  мард дар хона сутуни хона хисоб меёбад. Ман хамрохи шавхарам 24 сол зиндаги кардам.

Лулихо2.Зан ва оила 40

Лулихо2.Зан ва оила 41

Лулихо2.Зан ва оила 43

Лулихо2.Зан ва оила 44

Лулихо2.Зан ва оила 45

Лулихо2.Зан ва оила 46

Лулихо2.Зан ва оила 47

Лулихо2.Зан ва оила 48

Лулихо2.Зан ва оила 49

Лулихо2.Зан ва оила 50

Байни мо ягон вакт чангу чанчол набуд. Дар хаётам нагуфт, ки ту кучо мерави. Кучое ки мехостам мерафтам. Шавхари хуб доштам. Зиндагии хуб доштам. Шавхарам сутуни хона буд. У рафт сутуни хонаам афтид. Зан танхо монад, душвор будааст. Дар ин сину сол, ки ман Таваллуди соли 1977 хастам, бева мондам кин аст. Муи сарам аз хисоби хамин гам сафед шуд. Мардак сутуни хона будааст, ки ба он такя дори. Хозир танхо мондам, ба хеч кас такя надорам. Акунун дар хона хам зан хастам ва хам мард. Болои  сари кудакхо. Чи кор мекуни дигар. Гами зиндаги дар сари танхо худат   кин будааст.     Дар даврони сохибистиклолии  Точикистон дар дехаи Полвонобод,   лулиён сохиби мактаб шуданд. Тахсил дар мактаб   муносибат  ба  хаёти оиладории онхоро  таъгир дод.   Дилноза ва Гулхавас   хохиш надоранд, ки  барвакт ба шавхар бароянд.    Синфи нухумро хатм карданд. Хохиш доранд, баъди ба балогат расидан  ба шавхар баромада  оилаи солим ташкил намоянд. Хохиш дорам, ки хонда баъди ба сини балогат расидан ба шавхар бароям. Мехохам шавхарам одами хуб бошад. Хурмати шавхар аз хама пеш аст. Инро модарам ба ман гуфт. Занони лули фосилаи байни таваллудро нигох намекунанд. Ин чо ба накша гирии оила  риоя намешавад. Солимии модар, фарзанд ва чомеъ, баробархукуии марду зан   оиди ин барномахо маълумоти кофи надоранд. Дар хусуси никохи расми  онхо  солхои охир  никохи  худро ба расмият медароранд. Мехохам чор фарзанд дошта бошам. Хам писар ва хам духтар. Ман мехохам се фарзанд дошта бошам. Хозир мисли точикон одамони мо хам сину солашон ба балогат расидан пас шавхар мекунанд.    Нон хам  пухта расид. Ана хамин гуна нон мепазанд занони лули.  Бо хамин тарз пухтани нонро онхо  аз сокинони махали  ёд гирифтаанд.  Зани лули кушиш мекунад, таклид ба занони махали  намоянд.  Ин буд, мушохидахои мо дар мавзуъи занон ва оила   аз   хаёти лулиёни дехаи Полвонобод.

Лулихо2.Зан ва оила 22

Лулихо2.Зан ва оила 25

Лулихо2.Зан ва оила 26

Лулихо2.Зан ва оила 27

Лулихо2.Зан ва оила 29

Лулихо2.Зан ва оила 30

Лулихо2.Зан ва оила 31

Лулихо2.Зан ва оила 34

Лулихо2.Зан ва оила 38

Лулихо2.Зан ва оила 39

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *