home Лули Видео: Лулихо. Таърихи лулихо

Видео: Лулихо. Таърихи лулихо

Дар  Точикистон  дар катори точикон  дигар халкияту майдамиллатхо  умр ба сар мебаранд.Ахолии махали    яке аз ин  майдамиллатхоро     чуги, ё лули меноманд.   Дар минтакаи Кулоб,   ин майдамиллат     мукими   нохияи Восеъ, буда дар се деха зиндаги доранд.  Дехаи Тугарак,  маркази  чамоати дехоти Тугарак,   ана     ин  гушаи  деха,  махалаи  лулинишин аст. Мехмони     оилаи   ин  майдамиллат  мешавем. Хайр,  ман  ба дари хонаи ту медароям. Ту аз ман мепурси ки ту ки хасти?  Ман мегуям, чуги. Барои чи  ранчам. Аз ин намеранчам.    Ориф  дар махалаи лулиён  раиси махали  мебошад.  Шахси босавод аст.  Маълумоти  миёна  дорад. Хизмати харбиро хам адо намудааст. Аз руи  шиноснома,   миллаташ  сиган навишта шудааст. Сиган гуфта ман армия рафта, хизмат  кардам. Билети харби хам хамин хел навишта шудааст. Моро авлод ном мебаранд. Як хели дигараш  чуги мегуянд. Аз  чунин муносибат ман хеч вакт кахрам намеояд. Хозир бисёртар авлод мегуянд.  Дар бораи ки будани    ин майдамиллат  ва   гузаштагонашон аз кучо  ба ин сарзамин   омадаанд,  маълумотхо мавчуд нестанд.  Мегуянд, ки  ин  кабила  аз Хиндустон ба ин  чохо куч баста  омадаанд.   Ягон нафар аз ин майдамиллат  кушиш  накардааст, ки ба ватани ачдоди сафар карда аз асли хеш бохабар гарданд.  Тагай  Кобулиев, дар хамсояги  бо лулиён зиндаги дорад.  Касбаш табиби  рухшинос аст. Чахон гаштааст.  Охири  солхои  80 уми асри гузашта  ба Хиндустон сафар намуда,   бо намояндагони ин майдамиллат вохурдааст.

Лулихо.1Таърихи лулихо 04

Лулихо.1Таърихи лулихо 06

Лулихо.1Таърихи лулихо 07

Лулихо.1Таърихи лулихо 10

Лулихо.1Таърихи лулихо 11

Ман ба хулосае омадам, ки сулолаи Темуриён. Чи хеле ки онхоро сулолаи муглхои бузург ном мебранд, кариб 5 аср дар Хиндустон  подшохи карданд. Дар давраи нахстин шохи ин сулола Акбаршох, ки зулму асорат нихоят зиёд буд, ба фикри ман ин мардум ба дигар давлатхо фирор карданд. Аз хамон давра ин мардум ба сарзамини мо  Точикистон омада, лули шуданд, дар Казокистон хам чунин тавр, дар Узбекистону,   Киргизистон хам. Онхое,  ки  ба  Россия  афтоданд, сиган ном гирифтанд. Вале асосаш хинду, индус  хастанд.  Дар бораи ин майдамиллат аз китоби Энсиклопедияи советии точик мо баъзе маълумотхоро пайдо намудем. Дар китоб  навишта шудааст, ки  ин майдамиллат дар осиёи маркази худро мугат   (оташпараст) меноманд.  Аз кадим дар шахрхои Самарканд, Бухоро,  Тошкент, Фаргона, Куканд ва Карши зиндаги мекунанд. Бо забонхои узбеки ва точики  гап мезананд. Лахчаи махсуси худро доранд, ки онро забони мугати ё араби мегуянд. Мувофики ривоятхо  дар замони салтанати Темуриён дар Самарканд  Лулихо  махали махсуси  худро доштанд.        Хаминро мо бояд донем. Фахмиданамон даркор ки мо ки хастем. Зиндагии  ин майдамиллат,  мукими  Точикистон   аз хисоби гашт буд.    Ориф, мегуяд, ки  то солхои 50 уми асри гузашта онхо    хона   надоштанд. Гузаштагонашон,  аз як чо ба чои дигар куч баста бо хамин тарз  умр ба сар мебурданд. Гашт хам кардаги хастем. Барои чи не?  Гадои,  ганч дораду,  баракат надорад. Баракаташ нест. Ба тарзи зиндагии мукими гузаштани  ин майдамиллатро дар Точикистон  давлати шурави  сабаб  гардид.  Аввалин нафаре ки аз байни лулиён мукими гашту хона сохт, пешвои хамонвактаи  кабилаи  лулиёни дехаи Тугарак,   сохиби  ана   ин хавли мебошад.  Дигар авлодхо  аз паи у ба ин чо  омада хона сохта мукими шуданд. Мисли   дигар ахолии махали   онхо ба кори  колхоз  чалб карда шуданд.Ана дар ин чо якумин шуда тагоям хона сохтанд. Мо аввал дар Гулистон мургак мешиштем. Хаминхо хамааш ба ёдам хаст. Хонахои давлати доштем. Баъд хамин одам рафта моро овард. Ин соли 1955 буд. Мондаги хешу табор як кисмаш ба Узбекистон рафтанд. Як кисмашон ба ин чо омаданд. Лулихои мукими Точикистон    ба   ахолии махали пайрави намуда, урфу оддати онхоро кабул карданд. Дар эътикод,  пайрави динни ислом хастанд.

Лулихо.1Таърихи лулихо 33

Лулихо.1Таърихи лулихо 37

Лулихо.1Таърихи лулихо 38

Лулихо.1Таърихи лулихо 44

Лулихо.1Таърихи лулихо 45

Лулихо.1Таърихи лулихо 46

Лулихо.1Таърихи лулихо 50

Як хусусияти  фарккунандаи  занони лули  ин аст, ки  онхо  хол  доранд.  Баъзехо байни абру, Рухсора бошад, дар дасташ хол гузоштааст.  Кариб ки хамаи занони ин майдамиллат хамин гуна  хол доранд. Хайр ин холмони аз калонхо мондаги. Ман намедонам. Онхоро дида, мо хам,  хамин хел хол мондем. Базеб шавем гуфта.      Демократишавии   чомеъа  ба  тарзи зинадагии  ин майдамиллат таъсир расонид.  Махсусан чавонони ин майдамиллат,  касабаи асосии  гузаштагонашонро,  ки   гашту талбандаги буд, мегуянд, ки онхо  онро кабул надоранд. Шахсан ман зидди гашт кардан  хастам. Хонаводаамонро  гашт кардан намегузорам. Мехохам, ки  мехнат карда бо сари баланд зиндаги кунем. Дар хонааш, Ориф  ба  чорводори машгул аст. Аз хамин шугл манфиат мебинад. Хамсараш бошад,  гашт мекунад. Ба нохияхои минтака рафта муи сар чамъ мекунад. Нисфирузи  аз нохияи Ховалинг баргашта омадааст.  Агар гуем, ки  имруз  лулихо дигар гашту гадои намекунанд, ин хато аст. Дар сухбат аз  намояндагони ин майдамиллат  мо шунидем,  тавре онхо гуфтаанд, назар ба бизнес, гашту гадои даромадаш  бехтару хубтар аст.

Лулихо.1Таърихи лулихо 12

Лулихо.1Таърихи лулихо 14

Лулихо.1Таърихи лулихо 21

Лулихо.1Таърихи лулихо 23

Лулихо.1Таърихи лулихо 26

Лулихо.1Таърихи лулихо 30

Лулихо.1Таърихи лулихо 32

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *