home Лули Видео: «Лулихо ва никох» — Лулихо № 7

Видео: «Лулихо ва никох» — Лулихо № 7

Дурёдхон Кимсанов,  ин навбат  бо нагздидааш  хонадор шуд. Бо ин хамсараш  дар асоси ишку мухаббат, бо розигии хамдигар  никох баста оила ташкил намуданд.      Никохи пешинаи  Дурёд  бо духтари хамсоя  дер давом накард. Дурёд мегуяд, ки  то никох  онхо хамдигаро хуб намешинохтанд.  Бо хохиши волидон хонадор шуда,  хамдигаро фахмида натавонистанд  ва зуд чудо шуданд.     Дар дехаи Полвонобод ин чавонони лули мегуянд, ки  байни лулиён, шарти  мухим дар никох    ишку мухаббат ба хисоб меравад.

Лулихо № 7-Лулихо ва никох 06

Лулихо № 7-Лулихо ва никох 07

Лулихо № 7-Лулихо ва никох 08

Лулихо № 7-Лулихо ва никох 10

Лулихо № 7-Лулихо ва никох 14

Лулихо № 7-Лулихо ва никох 16

Баъди издивоч, келину домод, давраи муаян дар хавлии  падару модар зиндаги  мекунанд. Хучраи онхо алохида мебошад. Дар дехаи Тугарак ин хучраи келину домод мебошад. Шавхар берун аз хона аст.  Келинхо дар хона,  ба рубу чини хона ва дигар корхои рузгордори машгул хастанд.  Дар никох лулиён таъмули худро доранд. Чавонон нагздидаашро  медузданд. Ба ин таамул Озода Тугаева он кадар рози нест.У мегуяд, ки солхои чавониаш  уро бо маъракаи туй ва  тамошо хонадор карда буданд. Муддати зиёда аз дах сол мешавад, ки дар дехаи онхо маъракахои туй барпо намешавад.

Лулихо № 7-Лулихо ва никох 31

Лулихо № 7-Лулихо ва никох 37

Лулихо № 7-Лулихо ва никох 40

Лулихо № 7-Лулихо ва никох 42

Лулихо № 7-Лулихо ва никох 44

Никохе ки  дар асоси  ишку мухаббат  ташкил шудааст, пойдор мемонад. Мисли ин оила. Музаффар хамрохи Тамара бо як никох  40 сол боз бо хамдигар зиндаги доранд.  Худро оилаи хушбахт  хисоб мекунанд. Байни лулиён бисёрникохи хам чой дорад. Хамсараш барои гирифтани зани дуюм ба Музаффар  ичозат додааст. Лекин худи  Музафар андешаи  гирифтани зани дуюмро  надорад. Дурёд ва хамсараш хамдигаро хурмат мекунанд.Аз хамин сабаб, Дурёд хохиши гирифтани зани дуюмро надорад. Онхо хушбахтиро дар хамдигарфахми мебинанд.

Лулихо № 7-Лулихо ва никох 17

Лулихо № 7-Лулихо ва никох 18

Лулихо № 7-Лулихо ва никох 19

Лулихо № 7-Лулихо ва никох 21

Лулихо № 7-Лулихо ва никох 29

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *