home Лули Видео: Лулихо ва тахсил (Лулихо № 5)

Видео: Лулихо ва тахсил (Лулихо № 5)

Кахрамон   писараш Мусаябшоро ки  ба сини 7 солаги кадам монд,  ба мактаби деха овард. Падар  орзу дорад, ки писараш дар мактаб тахсил намуда одами босавод гардад. Соле ки мактаб кушода шуд, он вакт Кахрамон 12 сола буд. Бо хохиши у мисли хамин руз  падараш уро ба мактаб оварда буд. Дар дехаи Полвонобод  чамоати дехоти ба номи Мирзоали Вайсов нохияи Восеъ, ки сокинонаш лулихо мебошанд,  ин мактаб  соли 2006 ум  кушода шуд. Хонандагонаш  кудакони хамин деха  хастанд. Соли 2017 ум  мактаби ибтидои  ба мактаби  асоси,  таълими нухсола табдил ёфт. Барои Мусаябшо ва  хамсолонаш  дар самти тахсил имкониятхои бештар мухаё гардид.

Лулихо №5 Лулихо ва тахсил 07 - копия

Лулихо №5 Лулихо ва тахсил 09 - копия

Лулихо №5 Лулихо ва тахсил 10 - копия

Лулихо №5 Лулихо ва тахсил 12 - копия

Лулихо №5 Лулихо ва тахсил 15 - копия

Лулихо №5 Лулихо ва тахсил 16 - копия

Лулихо №5 Лулихо ва тахсил 19 - копия

Дар ин муассиса  16 нафар омузгорон кор мекунанд. Латофат Рахмонова  муаллимаи синфхои ибтидои аст. Дар соли тахсили  2019  дар мактаб дар 5 синфхона  190 нафар  хонандагон ба тахсил фаро гирифта шудаанд. Синфхонахо кушоду бархаво мебошанд.  Дар ин синфхона хонандагони синфи  нухум мехонанд. Шахзод Чумаев байни дигар хамсинфонаш фаъол аст. У хохиш дорад, ки баъди хатми синфи нухум тахсилро идома дихад. Максад дорад, ки муаллими фанни забон ва адабиёт шуда, омада  дар мактаби деха кор кунад. Аз хозир шеърхои зиёд аз ёд намудааст. Монанди дехаи Полвонобод,  дар нохияи Восеъ дар дехаи Тугарак чамоати дехоти Тугарак хам лулихо зиндаги доранд.  Мутаасифона дар ин чо муносибати ин майдамиллат  ба мактаб дигар хел  мебошад. Дар пахлуи хамин деха мактаб вокеъ мебошад.  Шерхон Бобохонов мегуяд, ки солхои  шурави лулихо дар мактаби деха хамрохи точикон  омада тахсил мекарданд.

Лулихо №5 Лулихо ва тахсил 32

Лулихо №5 Лулихо ва тахсил 33

Лулихо №5 Лулихо ва тахсил 37

Лулихо №5 Лулихо ва тахсил 41

Лулихо №5 Лулихо ва тахсил 43

Лулихо №5 Лулихо ва тахсил 45

Лулихо №5 Лулихо ва тахсил 49

Имруз бошад, онхо дар мактаб  тахсил кардан намехоханд.   Ба мурочиати муаллимон  нигох накарда  онхо ба мактаб  намеоянд. Охирин хонандаи мактаб аз ин майдамиллат   Сухроби Толибчон   мебошад.  Сухроб синфи нухумро  соли 2017 ум  хатм кардааст. Ба хонаи онхо рафта дар хусуси шароити тахсил  бо у хамсухбат шудем.  Дар соли тахсили 2019 лулихо ба мактаб наомаданд. Чалби лулихо ба мактаб  мушкил аст, мегуянд муаллимон. Чи бояд  кард, ки  лулихо ба мактаб фаро гирифта шаванд? Кахрамони гузориши мо Кахрамон то синфи чорум дар мактаб хондааст. Барои минбаъд идома додани тахсил  он вакт падараш сади рохаш гашт.  У аз ин  афсус мехурад. Акнун кушиш менамояд, ки писараш хонаду босавод  шуда, дорои маълумоти оли шуда кор кунад  ва  ба оила ва чомеъа манфиаташ расад.

Лулихо №5 Лулихо ва тахсил 20 - копия

Лулихо №5 Лулихо ва тахсил 21 - копия

Лулихо №5 Лулихо ва тахсил 23 - копия

Лулихо №5 Лулихо ва тахсил 24 - копия

Лулихо №5 Лулихо ва тахсил 25 - копия

Лулихо №5 Лулихо ва тахсил 29 - копия

Лулихо №5 Лулихо ва тахсил 30

 

 

14 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *