home Руйдодхо Видео: Маърифати экологи — Восеъ

Видео: Маърифати экологи — Восеъ

Гулдаста  Шералиева, рохбари махфили табиатдустон  аст.  Аъзоёни  махфил, дар хамин рухия  тарбия  ёфтаанд. Хамин аст, ки дар самти мухофизати  мухити зист ва  парандахо  дар нохияи Восеъ,   фаъол  мебошанд.    Дар бораи олами табиат, наботот, хайвонот, парандахое, ки  дар Точикистон, умр ба сар мебаранд  ва мухофизату нигохубини  онхо  хонандагон   аз машгулиятхо  маълумот  доранд.  Ин  навбат  муаллим  дар бораи шохин, парандае ки дар китоби сурхи Точикистон дохил гардидааст,   накл мекунад.

Маърифати экологи-Восеъ 49

Маърифати экологи-Восеъ 47

Маърифати экологи-Восеъ 39

Маърифати экологи-Восеъ 38

Маърифати экологи-Восеъ 37

Маърифати экологи-Восеъ 34

Гулдаста хамрохи шогирдон, гулу парандахо   ва  расмхои зебое, ки   баёнгари табиати зебои кишвари азизамон хастанд,  ба  озмуни иди гулхо ва парандахо  омаданд.  Ин озмун бо сарпарастии шуъбаи маориф  дар якчояги  бо  шуъбаи хифзи  мухити зист  дар  нохияи Восеъ, дар доираи чорабинихо бахшида ба  солхои 2019 – 2021 «солхои рушди дехот, сайёхи ва хунархои мардуми»  доир гардид. Хирсу паланг, шутур, фил, ин гуна  хайвонхо  дар  озмун набошанд, хам  кабки дашти, боша, укоб, зоги сиёх,  хорпушт, аз хазандагон мор  дар  сахна  пешниход гардиданд.  Тамошобиноне ки ба  ин   озмун омаданд,  бисёри онхо ин  парандахоро аз наздик надида буданд.  Дар мачмуъ,  аз 72  муассисаи таълимии нохия,   600 нафар табиатдустон,   гулу  парандахои  гуногунро оварданд.

Маърифати экологи-Восеъ 33

Маърифати экологи-Восеъ 32

Маърифати экологи-Восеъ 28

Маърифати экологи-Восеъ 22

Маърифати экологи-Восеъ 19

Маърифати экологи-Восеъ 17

Рафти озмун, аз чониби хайати  хакамон, кормандони шуъбаи маориф ва шуъбаи хифзи мухити зист дар нохияи Восеъ. бахогузори карда шуд. Аз руи мушохидахо,  барои   чалби бештари  наврасон ба  махфили   табиатдустон  дар  дехот, ба муаллимони сохави  тавсияхо  дода шуданд. Дар чамъбасти озмун  даъват ба амал оварда шуд, ки   бачахо табиатро дуст доранд, нисбати парандахо  мехрубон бошанд.

Маърифати экологи-Восеъ 12

Маърифати экологи-Восеъ 10

Маърифати экологи-Восеъ 09

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *