home Руйдодхо Видео: Мехнати зарбдор — Восеъ

Видео: Мехнати зарбдор — Восеъ

Кишоварзони нохияи Восеъ, имсол аз майдони зиёда  аз  7 хазор гектар замин  максад доранд, ки ба кадри 15 хазор тонна пахта чамъовари намоянд. Аз рузхои мусоиди хавои тирамох  истифода намуда, барои сари вакт ва беталаф чамъоварии хосили  пахта  чорахои  саривакти андешида шуданд. Дар нохия дахрузаи  мехнати зарбдор эълон гардида, ин  тадбир  суръати чамъоварии хосили пахтаро тезонид.  Дар чамоати ба номи Абди Авазов дахрузаи дуюми мехнати зарбдор бо иштироки раиси нохияи Восеъ чамъбаст карда шуд. Дар ин вохури   ичрокунандаи  вазифаи раиси нохия аз хосили  пасти пахта ва  рафти   чамъоварии   он     дар хочагихои  дехконии  нохия  изхори нигарони кард.

Мехнати зарбдор-Восеъ 02

Мехнати зарбдор-Восеъ 05

Мехнати зарбдор-Восеъ 06

Мехнати зарбдор-Восеъ 10

Мехнати зарбдор-Восеъ 15

Мехнати зарбдор-Восеъ 16

Мехнати зарбдор-Восеъ 17

Мехнати зарбдор-Восеъ 19

Мехнати зарбдор-Восеъ 20

Дар  ин  вохури хамчунин кормандони сохаи маориф, раисони кумитахои махала, собикадорони мехнат, нафарони рузгордида иштирок  доштанд. Ичрокунандаи вазифаи раиси нохия  Шарбатулло Азизулло дар баромадашон  оиди рафти ичрои конуни Чумхурии Точикистон « Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим  ва тарбияи фарзанд», Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимхо дар Чумхурии Точикистон» гуфта гузаштанд.Аз падару модарон даъват ба амал оварданд, ки дар таълим ва тарбияи фарзандон масъулияти бештар дошта бошанд. Дар чамъбаст  ба рохбарони хочагихои дехконие ки  накшаи дурнамои чамъоварии  пахтаро пеш аз мухлат ичро намудаанд, онхо бо ифтихорномаи макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия  ва тухфахои моли кадр карда шуданд.

Мехнати зарбдор-Восеъ 22

Мехнати зарбдор-Восеъ 33

Мехнати зарбдор-Восеъ 34

Мехнати зарбдор-Восеъ 36

Мехнати зарбдор-Восеъ 39

Мехнати зарбдор-Восеъ 42

Мехнати зарбдор-Восеъ 45

Мехнати зарбдор-Восеъ 49

Мехнати зарбдор-Восеъ 50

 

 Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *