home Руйдодхо Видео: Нихолшинони тарики хашар — Восеъ

Видео: Нихолшинони тарики хашар — Восеъ

Дар чамоати дехоти  Гулистони нохияи Восеъ, дехаи ба номи Саъдулои  Шариф дар шафати шохрохи Душанбе Кулоб вокеъ мебошад. Даромадгох ба ин  деха аз  ин баландии  теппамонанд, ки масохаташ зиёда аз як гектар  заминро  ташкил медихад, огоз мегардад, Ин   замин   солхои зиёд, бекор хобида истифода бурда намешуд.  Сокинон мегуфтанд, ки  сабзонидани нихол дар ин замин   кори душвор аст.  Яке норасоии об  дигаре  номусоидии хок ва сеюми зери пои чорво мондани нихолхоро пеш меоварданд.Аз баски  ин замин  пушти девори мактаби деха вокеъ гаштааст, рохбарияти шуъбаи маорифи нохия, сарсабзу хурам гардонидани ин мавзеъро ба ихтиёри худ гирифт. Бахшида ба чашни 30 солагии истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон  обод намудани ин гушаро ба накша чорабинихои шуъба дохил кард.

Нихолшинони тарики хашар-Восеъ 03

Нихолшинони тарики хашар-Восеъ 05

Нихолшинони тарики хашар-Восеъ 06

Нихолшинони тарики хашар-Восеъ 07

Нихолшинони тарики хашар-Восеъ 09

Нихолшинони тарики хашар-Восеъ 10

Маорифчиён тасмим гирифтанд, ки ин мавзеъро тарики хашар обод месозанд.  Корхои ободонии ин мавзеъ рузи  якшанбеи 13 уми январ огоз ёфтанд. Дар хашар рохбарияти шуъбаи маориф, кормандони  муассисаи тахсилоти миёнаи умумии № 37 бо рохбарии директори муассиса  ба кор шуруъ намуданд. Заминро хамвор намуда, нарм намуданд. Барои шинонидани нихол, чукурихо канданд.

Нихолшинони тарики хашар-Восеъ 25

Нихолшинони тарики хашар-Восеъ 28

Нихолшинони тарики хашар-Восеъ 30

Нихолшинони тарики хашар-Восеъ 31

Нихолшинони тарики хашар-Восеъ 33

Нихолшинони тарики хашар-Восеъ 35

Хангоме  ки омузгорон ба омодасозии замин барои нихолшинони  машгул буданд,  гурухи дигари кормандони шуъбаи маорифи нохия  аз шахри Кулоб зиёда аз сад нихоли  сояафкан  оварданд. Сокинони деха, ташабуси маорифчиёнро дида, ба хашар хамрох шуданд. Барои шинонидани нихолхо  сохибкорон об оварданд. Бо риояи койдахои агротехники ба шинонидани нихолхо шуруъ карданд.  Хашари нихолшинони хамин тавр вусъат гирифт. Бо иттиходу сарчамъи, саъю талоши ахлона, хашарчиён дар ободу зебо гардонидани  ин мавзеъ сахми худро гузоштанд.  Тибки накшаи муаяни ободонии ин мавзеъ, максад гузоштанд, ки атрофи заминро бо сим девор гирифта, барои обмонии нихолхо ба ин чо об мекашонанд.

Нихолшинони тарики хашар-Восеъ 12

 

Нихолшинони тарики хашар-Восеъ 14

 

Нихолшинони тарики хашар-Восеъ 15

 

Нихолшинони тарики хашар-Восеъ 22

 

Нихолшинони тарики хашар-Восеъ 24

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *