Дар нохияи Восеъ, аввалин шуда, кишоварзони чамоати дехоти Гулистон, ба кишти пунбадона шуруъ намуданд. Аъзоёни хочагии дехконии ба номи Давлатмурод, баъди гузаронидани тадбирхои зарурии саривактии коркарди замин бо риояи койдахои агросаноати, истифода аз техникахои зарури максад доранд, ки кишти пунбадонаро хушсифат гузаронанд.
Хочагидорон даромади пахтаро ба назар гирифта, имсол майдони кишти пунбадонаро васеъ карданд. Заминхое ки солхо боз бекор хобида дуруст истифода карда намешуданд, кишти пунбадонаро аз хамин гуна заминхо шуруъ намуданд. Мисли ин замин.
Дар кишти пунбадона, хочагидорон мутахассионро даъват намуда, аз маслихати онхо истифода менамоянд. Максад доранд, ки хар як вачаб заминро окилона ва самаранок истифода намуда, хосили на камтар аз 40 сентнери ба даст овардар дар ичрои накшаи дурнамо ва таъмини саноати Чумхури бо ашёи хоми пахта сахми арзандаи худро гузоранд.
Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров