home Руйдодхо Видео: Рузи чавонон, дави милли — Восеъ

Видео: Рузи чавонон, дави милли — Восеъ

Солимии чавонон, чомеъаи солим. Тахти хамин ном, дар нохияи Восеъ, ба ифтихори  Рузи чавонони Точикистон,  Рузи Дави милли  баргузор гардид. Иштирокчиёни дав, наврасон, чавонон  ва нафарони сину солашон аз 60 сола боло, мебошанд.   Кормандони сохаи маориф, директорони муассисахои таълими, коргарони корхонаи  фаръи давлатии  хочагии манзилию коммунали, иштирокчиёни фаъоли чорабини буданд. Шумораи  иштирокчиёни имсолаи дави милли нишон медихад, ки сокинони нохия мохияти тарзи хаёти солимро дарк намудаанд.Баъди анчоми дави милли, мусобикаи веломарафон гузаронида шуд. Дар ин намуди варзиш хам иштирокчиён махорати баланди велосипедрониро нишон доданд. Тавре  мебинед, хар як нафар аз иштирокчиёни ин мусобика  бо самимияти баланд омадаанд. Бо ин харакаташон онхо дигаронро ба варзиш,  тарзи хаёти солим даъват менамоянд.

Рузи чавонон,дави милли-Восеъ 01

Рузи чавонон,дави милли-Восеъ 06

Рузи чавонон,дави милли-Восеъ 07

Рузи чавонон,дави милли-Восеъ 09

Рузи чавонон,дави милли-Восеъ 11

Рузи чавонон,дави милли-Восеъ 15

Рузи чавонон,дави милли-Восеъ 16

Рузи чавонон,дави милли-Восеъ 18

Рузи чавонон,дави милли-Восеъ 20

Дар кисмати  расмии чорабини чонишини раиси нохияи Восеъ, кайд намудаанд, ки    дар нохия  ба варзиш ва тарзи хаёти солим сол то сол диккати чидди дода шуда, дастовардхои варзишгарон дар мусобикахои сатхи  Чумхурияви натичахои он мебошанд. Дар чор мохи соли 2019 варзишгарони нохия 2 медали тилло, 4 медали нукра ва 3 медали биринчи ба даст оварданд. Дар дастоварди варзишгарони нохия сахми масъулони бахши кор бо чавонон ва варзиши нохия хеле калон аст ва макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия захмати онхоро кадршиноси мекунад. Сипас дар мухити идона ба голибони Дави милли  ва веломарафон ифтихорнома ва тухфахои хотирави супорида шуданд.

Рузи чавонон,дави милли-Восеъ 21

Рузи чавонон,дави милли-Восеъ 23

Рузи чавонон,дави милли-Восеъ 27

Рузи чавонон,дави милли-Восеъ 41

Рузи чавонон,дави милли-Восеъ 42

Рузи чавонон,дави милли-Восеъ 45

Рузи чавонон,дави милли-Восеъ 46

Рузи чавонон,дави милли-Восеъ 48

Рузи чавонон,дави милли-Восеъ 49

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *