home Руйдодхо Видео: Рузи Мавлоно Чалолиддини Балхи — Восеъ

Видео: Рузи Мавлоно Чалолиддини Балхи — Восеъ

Хар сол санаи 30 сентябр дар Точикистони сохибихтиёри мо Рузи Мавлоно Чаллолиддини Балхи чашн гирифта мешавад.  Ба ин муносибат дар нохияи Восеъ, бо иштироки толибилмони муассисахои тахсилоти миёнаи умумии нохия  чорабинихои фарханги доир гардиданд. Дар муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №2 дехаи Арал чамоати дехоти ба номи Мирали Махмадалиев, ин чорабини бо кироати шеър ва намоиши  сахна барои иштирокчиён  хотирмон ва пурмазмун  гузашт. Аз рафти  хамоиш муаян гардид, ки  наврасон  ба ин чорабини  омодагии хуб дида аз хаёт ва фаъолияти эчодии Мавлоно Чалолиддини Балхи маълумотхои бисёр чамъ оварданд.

Рузи Мавлоно Чалолиддини Балхи-Восеъ 02

Рузи Мавлоно Чалолиддини Балхи-Восеъ 05

Рузи Мавлоно Чалолиддини Балхи-Восеъ 07

Рузи Мавлоно Чалолиддини Балхи-Восеъ 08

Рузи Мавлоно Чалолиддини Балхи-Восеъ 10

Рузи Мавлоно Чалолиддини Балхи-Восеъ 11

Хонандагон иттилоъ доранд, ки  бузургтарин асари  Мавлоно Чалолиддини Балхи  «Маснавии Мавлави», мебошад.   Чалолиддини Балхи яке аз сермахсултарин адибони точик аст. У  бо мероси адабии худ чахониёнро дар хайрат гузоштааст. «Девони Шамс», «Мачолиси саъба», «Мактубот», «Фихи  мо фихи», Маснавии Маънави» аз осори гаронбахои Балхи махсуб мешаванд. Омузиши   Мероси гаронарзиши  Мавлоно Чалолиддини Балхи  дар ташакулли  хисси  маънавиёти хонандагон, ахлоки хамидаи инсони,  накши созгор гузоштааст.  Хамин гуна чорабинихо дар дигар муассисахои таълимии нохия  гузаронида шуда, иштирокчиёни фаъоли ин чорабинихо аз номи шуъбаи маорифи нохия  бо тухфа ва  ифтихорномахо кадр карда шуданд.

Рузи Мавлоно Чалолиддини Балхи-Восеъ 13

Рузи Мавлоно Чалолиддини Балхи-Восеъ 16

Рузи Мавлоно Чалолиддини Балхи-Восеъ 20

Рузи Мавлоно Чалолиддини Балхи-Восеъ 21

Рузи Мавлоно Чалолиддини Балхи-Восеъ 27

Рузи Мавлоно Чалолиддини Балхи-Восеъ 29

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *