home Руйдодхо Видео: Рузи Президент — Восеъ

Видео: Рузи Президент — Восеъ

Рузи Президенти чумхурии Точикистон  ва  27 умин солгарди  ичлосияи  16 уми   таърихии  Шурои Олии Чумхурии Точикистон   дар нохияи Восеъ, бо баргузории  силсила чорабинихо  чашн гирифта шуд. Дар ин руз  дар дехаи Кучабог чамоати дехоти ба номи Худоёр Рачабов  дар мухити  идона  майдончаи хурди бозии футбол мавриди бахрабардори  карор дода шуд. Ин майдончаи варзиши  бо   пешниходи чамоати дехот ва  дастгирии сохибкорони махали  сохта шуда дар он  барои чалби наврасон ва чавонон ба футбол  шароитхои мусоид фарохам оварда шуданд. Хамин гуна  майдони хурди бозии футбол бо пешниходи  чамоати дехот ва чалби сохибкори махали Мухаббатшо Абдулхаев  дар дехаи Сомон  дар ин рузи фарахбахш  мавриди истифода карор дода шуд.  Дар маркази нохия бошад,    хафтаи китобхои    Президенти  Чумхурии Точикистон  баргузор гардид.

Рузи Президент-Восеъ 04

Рузи Президент-Восеъ 07

Рузи Президент-Восеъ 08

Рузи Президент-Восеъ 09

Рузи Президент-Восеъ 13

Рузи Президент-Восеъ 16

Рузи Президент-Восеъ 17

Дар чамъомади тантанави   бо иштироки  вакилони Мачлисхои махали,  рохбарони  ташкилоту муассисахо, собикадорони мехнат, ичрокунандаи вазифаи  раиси нохияи Восеъ, Шарбатулло Азизулло бахшида ба ин санаи  такдирсоз сокинони нохияро табрик намуда дар баромадашон зикр намуданд, ки Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои Миллат, Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон  марди  олиму окилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёби начот дода, мардумро атрофаш  мутаххид ва ба калби мардумаш шуълаи умедро бедор ва бо кадамхои устувор ба сулху осоиш, рушду суботи минбаъда хидоят намуданд.

Рузи Президент-Восеъ 31

Рузи Президент-Восеъ 34

Рузи Президент-Восеъ 46

Рузи Президент-Восеъ 49

Рузи Президент-Восеъ 51

Рузи Президент-Восеъ 53

Дар арсаи байналмиллали  хамчун шахси сулхофару сулхпарвар, сарчамъкунандаи миллат, амалисозандаи захматхои ояндабинона бахри рушду нумуъ ва ободии Ватану фарохам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори  халли масъалахои глобали шинохта шудани Пешвои Миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмонро   на танхо сокинони кишвар, инчунин чахониён эътироф намуданд. Кайд  карда шуд, ки сокинони бонангу номуси нохияи Восеъ, дастур ва супоришхои  Президенти Чумхурии Точикистонро софдилона ичро менамоянд.   Дар кисмати фархангии чорабини  кормандони бахши фарханги нохия бо барномаи идонаи консерти   дастовардхои даврони сохибистиклолии кишваро таранум намуда, хотири иштирокчиёнро шод гардониданд.

Рузи Президент-Восеъ 20

Рузи Президент-Восеъ 22

Рузи Президент-Восеъ 23

Рузи Президент-Восеъ 25

Рузи Президент-Восеъ 26

Рузи Президент-Восеъ 30

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *