home Руйдодхо Видео: Рузи забон — Восеъ

Видео: Рузи забон — Восеъ

Бахшида  ба Рузи забони давлатии Чумхурии Точикистон ва рузи муаллимон дар нохияи Восеъ,  чамъомади тантанави  баргузор  гардид. Дар ин чорабини,  омузгорон, собикадорони  сохаи маориф ва адибони нохия  иштирок намуданд.   Дар сухани мукадомотии худ  раиси нохияи Восеъ, забонро олитарин зухурот ва нишони мавчудияти хар як миллат арзёби намуд. Зикр гардид, ки соли 1989 то соли 2009 ум дар чумхури 22 июл хамчун «рузи забон» чашн гирифта мешуд. Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон бо максади  минбаъд такмил додани конунгузории чори Конуни Чумхурии Точикистон  «Дар бораи забони давлатии Чумхурии Точикистон»-ро кабул кард. АЗ соли 2009 ум хамасола 5 уми октябр дар          саросари кишвар хамчун Рузи забони давлати тачлил мегардад.

Рузи забон-Восеъ 01

Рузи забон-Восеъ 05

Рузи забон-Восеъ 06

Рузи забон-Восеъ 07

Рузи забон-Восеъ 08

Рузи забон-Восеъ 09

Боиси ифтихор аст, ки мардуми хирадманду фархангдусти мо забони модарии хешро хамеша гироми дошта, онро дар баробари дигар мукаддасоти милли, хотираи таърихи ва нангу номус хифз менамоянд. Бинобар ин, хифзу гиромидошти ин ганч вазифаи хар як фарди чомеа мебошад. Бахшида ба рузи забони давлатии Чумхурии Точикистон ва рузи муаллимон хамчунин хамоишхои фарханги дар дигар муассисахои таълимии нохия баргузор гардиданд. Дар муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №1  ин рузи муборак бо барномаи чолиби идона хотирмон гузашт. Тавре рохбари ин муассиса кайд намуданд, дар мавзуъи   забони давлати дар иншои озод  18 нафар хонандагони ин муассисаи таълими дар нохия чои аввалро ишгол намуданд.

Рузи забон-Восеъ 12

Рузи забон-Восеъ 13

Рузи забон-Восеъ 24

Рузи забон-Восеъ 25

Рузи забон-Восеъ 26

Рузи забон-Восеъ 36

Дар хамоиши фарханги бахшида ба рузи забони давлати ва рузи муаллимон   дар муасисаи  тахсилоти миёнаи умумии №61  дар васфи забон  аз эчодиёти  шоирони муосири  точик  наврасон бо хисиёти баланди ватандусти   шеърхо кироат намуданд.

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *