home Руйдодхо Видео: Таъмир. Омодагихо ба соли нави тахсил — Восеъ

Видео: Таъмир. Омодагихо ба соли нави тахсил — Восеъ

Дар доираи  чорабинихо  бахри    ичрои карори Хукумати Чумхурии Точикистон  ва дастури  макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Хатлон ва  макомоти  ичроияи хокимияти давлатии нохияи Восеъ, чихати омодагии муассисахои таълими ба соли нави тахсил   дар  муассисахои тахсилоти миёнаи  умумии нохияи Восеъ,  тахти унвони «  Одам нашавад, касе магар аз мактаб»? !  аксия  гузаронида шуда   дар  корхои таъмиру,  сохтмони  синфхонахои иловаги,  сохибкорони махали  ва шахсони  саховатманд чалб карда шуданд. Дар муассисаи тахсилоти миёнаи умумии № 33 дар дехаи Гулобод чамоати дехоти ба номи Абди  Авазов   бо дастгирии ассотсиатсияи волидону омузгорон  8 синфхонаи  бинои ду ошёнаи муасисаи таълими,   таъмири чори карда шуд.  Бо  дастгирии  кумитаи махалаи дехаи Гулобод   бошад, 12  синфхонаи  мактаб, ки ба таъмири капитали ниёз доштанд, хамаи  синфхонахо  дар сатхи баланд  таъмир   карда шуданд.

Таъмир.Омодагихо ба соли нави тахсил-Восеъ 01

Таъмир.Омодагихо ба соли нави тахсил-Восеъ 05

Таъмир.Омодагихо ба соли нави тахсил-Восеъ 10

Таъмир.Омодагихо ба соли нави тахсил-Восеъ 11

Таъмир.Омодагихо ба соли нави тахсил-Восеъ 13

Аксияи «Одам нашавад, магар касе аз мактаб»?!-ро  дар дехаи Восеободи хамин чамоати дехот  сокинони деха дастгири намуда, шаш синфхонаи мактабро таъмир намуданд. Бо дастгирии сохибкорони деха  барои таъмири дигар  синфхонахо,  масолехи сохтмони  дастрас карда шуданд. Дар муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №64 дохили синфхонахо пурра аз таъмир бароварда шуда, ба соли нави  тахсил омода  мебошанд. Корхои  сохтмони  рангу бори  бинои мактаб  ва деворхои  атрофи мактаб  рузхои наздик анчом меёбанд.

Таъмир.Омодагихо ба соли нави тахсил-Восеъ 24

Таъмир.Омодагихо ба соли нави тахсил-Восеъ 26

Таъмир.Омодагихо ба соли нави тахсил-Восеъ 29

Таъмир.Омодагихо ба соли нави тахсил-Восеъ 37

Дар чамоати дехоти ба номи Мирали Махмадалиев  тахти унвони асияи «Одам нашавад, магар касе аз мактаб?!»  муассисахои таълими паи хам  аз таъмир бароварда шуда, ба соли нави тахсил омода шуда истодаанд. Дар дехаи Окчар муассисаи таълимии №49 пурра аз таъмир бароварда шудааст. Дар дигар чамоатхои дехот, тахти хамин унвон  дар хамаи   муассисахои тахсилоти миёнаи умуми корхои сохтмони ва таъмири синфхонахо идома доранд.

Таъмир.Омодагихо ба соли нави тахсил-Восеъ 15

Таъмир.Омодагихо ба соли нави тахсил-Восеъ 17

Таъмир.Омодагихо ба соли нави тахсил-Восеъ 21

Таъмир.Омодагихо ба соли нави тахсил-Восеъ 22

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *