home Руйдодхо Видео: Таъмир ва сохтмон дар хона интернат — Восеъ

Видео: Таъмир ва сохтмон дар хона интернат — Восеъ

Бо максади  дар сатхи баланд истикбол  гирифтани  чашни  мукадасу мубораки милли,  30 солагии истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон  дар   нохияи Восеъ,  корхои зиёди ободониву созандаги идома доранд.  Дар катори  рохои махали,  дехоту махалахо  ва манзилхои истикомати,  муассисаи давлатии хона интернати  беморихои рухи симояш ба кулли таъгир ёфта, мухит ва вазъи экологии  муассиса   зебою дидани  мегардад.      Бо дастгирии Хукумати Чумхурии Точикистон  барои дастгирии ин табакаи  ниёзманд  дар мохи июн ва июл  дар дохили муассиса  корхои зиёди  сохтмони ба анчом расонида шуданд. Рохравхои дохили муассиса, сафолакбанди   шуда, бо дарозии  шаст метр  шафати  хар ду тарафи рохи марказии  хона интернат  гулзор карда шуд. Ин тадбирхои хукумати мамлакат барои таботату  зиндагии  бошандагони  ин хона интернат шароитхои боз хам  хубтар фарохам меорад.

Таъмир ва сохтмон дар хона-интернат-Восеъ 06

Таъмир ва сохтмон дар хона-интернат-Восеъ 09

Таъмир ва сохтмон дар хона-интернат-Восеъ 10

Таъмир ва сохтмон дар хона-интернат-Восеъ 15

Таъмир ва сохтмон дар хона-интернат-Восеъ 17

Таъмир ва сохтмон дар хона-интернат-Восеъ 18

Иншоотхои тобистона, ки  барои истирохату фарогати бошандагон  дар мавсими фасли гармо пешбини шудаанд, сохтмончиён онхоро   бо тархи наву замонави    аз нав месозанд. Таъмири  дохили хучрахо ба анчом расида,   корхои сохтмону таъмири   болопуши  бинохои истикоматии бошандагон  идома доранд.   Бо дастгирии Хукумати  мамлакат ба  чашни  28 солагии истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон  даромагохи  хона интернат  дидбонгох  ва  дарвоза  аз   нав сохта шуда рузхои наздик васл  карда мешаванд.

Таъмир ва сохтмон дар хона-интернат-Восеъ 32

Таъмир ва сохтмон дар хона-интернат-Восеъ 37

Таъмир ва сохтмон дар хона-интернат-Восеъ 38

Таъмир ва сохтмон дар хона-интернат-Восеъ 40

Таъмир ва сохтмон дар хона-интернат-Восеъ 43

Рохбарияти муассисаи давлатии хона интернати  беморихои рухии нохияи Восеъ  ва кормандон  мохияти сохибистиклолии кишваро дарк намуда бо хисси баланди   худшиноси  ва  ватандори  дар  корхои ободонии  хона интернат  фаъолона иштирок намуда,  ба чашни 30 солагии истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон  сахми  арзандаи   худро гузошта истодаанд.

Таъмир ва сохтмон дар хона-интернат-Восеъ 20

Таъмир ва сохтмон дар хона-интернат-Восеъ 22

Таъмир ва сохтмон дар хона-интернат-Восеъ 24

Таъмир ва сохтмон дар хона-интернат-Восеъ 28

Таъмир ва сохтмон дар хона-интернат-Восеъ 30

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *