Шири модар, гизои табии, тахти хамин унвон, бо ибтикори Маркази ташакули тарзи хаёти солим дар нохияи Восеъ, аз якуми мохи август то 10 август дар хамаи марказхои саломати ва бунгохои тибби чорабинихои маърифати ва омузиши доир гардид. Мохияти шири модар дар инкишофу сихатии кудак ва солимии модар мавзуъи асосии сухбату вохурихо буданд. Дар чорабиние, ки дар маркази солимии рупродуктиви доир гардид, оиди ба тифл чи тавр гизо додан лозим аст?, табибон ба модарон маслихатхои муфид додаанд. Онхо таъкид доштанд, ки тарзи дурусти риояи коидахои пешбинишуда дар ин самт ба солимии модарон таъсири мусби мерасонад. Онхоро аз беморихои саратон ва дигар оризахо нигох медорад. Риояи ин койдахо ба манфиати модарон аст.
Тавре ки кормандони маркази ташаккули тарзи хаёти солим изхор намуданд аз руи мушохидахои онхо оиди хамин мавзуъ бурдани корхои таргиботи байни модарон дар дехотчойхо ба маврид аст.
Мухимияти вазъи солимии модар ва кудакро ба инобат гирифта, маркази ташакулли тарзи хаёти солим дар нохия, муддати дах руз баргузории чунин чорабинихоро дар хамаи марказхои саломати ва бунгохои тибби худуди чамоатхои дехот ба накша гирифтааст. Дар маркази саломатии дехаи Тугарак оиди хамин мавзуъ кормандони маркази ташакулли тарзи хаёти солим дар якчояги бо табибони тибби оилави дар 8 деха бо модарон вохурихо гузарониданд. Хамин аст, ки дар шаш мохи соли равон дар ин деха таваллуди 88 кудак ба кайд гирифта шуда онхо сихату саломат ба воя мерасанд.
Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров