Ин бог, ки дар шафати шохрохи Душанбе Кулоб, дар нохияи Восеъ, вокеъ аст, мохи июли соли 2018 ум диккати тамоми мардуми оламро ба худ чалб кард. Сайёхони хоричи аз кишвархои Аврупо ва Амрико, рузи 28 уми июл соли 2018 дар хамин бог дам гирифта шабро руз карданд. Рузи 29 уми июл бошад, сайёхон дар чамоати дехоти Себистон нохияи Дангара аз чониби гурухи терористон ба халокат расонида шуданд. Назархон Хоркашов, сокини дехаи Мехробод аз нохияи Восеъ аст. Ин бог иборат аз дарахтони мевадиханда ва сояафкан бо ташабус ва мехнати зиёди у бунёд карда шудааст. Сайёхону мехмононе ки аз ин китъаи шохрох мегузаранд, зери сояи ин дарахтон лахзае истирохат намуда, мондагии худро мебароранду, сипас дилпурона сафари худро идома медоданд. Хамин тавр рузи 28 уми июл нисфирузи ки хаво нихоят гарм буд, ин гурухи сайёхони хоричи велосипедсавор дохили боги Назархон шуданд. Назархон мехмононро дар богаш дида хурсанд шуд. Онхоро самимона истикбол намуда, бо нону чой зиёфат кард.
Сайёхон, аз мехмонавозии Назархон хушхол гаштанд. Умуман аз Точикистон аз хаво ва табиати мафтункунандаи ин кишвар дидан намуда, аз мехмонавозии мардуми он дар нохияи Восеъ, дар симои Назархон Хоркашов изхори минатдории худро баён карданд. Мехмоннавозии Назархон ба сайёхон писанд омад. Аз сухбати самимии Назархон, онхо гизои маънави бардоштанд. Назархон аз накшахои минбаъдаи худ дар бораи корхои ободии богаш, шинонидани дарахтони нав ба нав, васеъ кардани майдони бог накл кард. У ба сайёхон таклиф карда буд, ки соли оянда вакте ки ба Точикистон биёянд, хатман аз боги у дидан намоянд. Ин таклифро, сайёхон бо хурсанди кабул карданд. Хабари аз чониби гурухи терористон, кушта шудани сайёхон, Назархонро сахт андухгин кард. Чунин ходисаро у хеч интизор набуд.Дар бораи тероризм ва экстремизм нафраташ боз хам зиёдтар гардид.
Дар Точикистон соли 2018 соли сайёхи эълон шуда буд. Аз чониби давлатхои чахон Точикистон хамчун давлати амн эътироф гашта буду шумораи сайёхон дар ин сол ба маротиб афзуд. Амали терористи аз чониби гурухи терористон нисбат ба сайёхон хамаи чомеъаи Точикистонро ба ташвиш овард. Ин амали гайриинсониро хамаи мардум махкум карданд. Терористон тез дастгир шуданд. Мохи ноябри соли 2018 рохбари гурухи терористон Хусейн Абдусамадов бо хукми суд ба чазои як умри махрум аз озоди махкум карда шуд.Ду нафари дигар Кароматулло Ганиев ва Бехруз Сафоев бо айбдории иштирок бо чинояткорон ва хамкори бо ташкилоти экстремисти ба мухлати 16 сол аз озоди махрум карда шуданд. Аз вокеъаи дахшатноки терористи халокати сайёхон ба наздики як сол сипари мегардад. Лекин доги он аз дили Назархон нарафтааст. Барои пос доштани хотираи нек аз сайёхон, дар мавсими нихолшинони соли 2019 Назархон бо дустонаш ба номи хар кадоми дустони сайёхи мархумаш, Ченни Остин, Лорен Гейган, Рене Вокке, Хамел Маркус, нихол шинонида максад дорад, номи богашро ба номи онхо номгузори намояд.