home Руйдодхо Видео: Восеъ. Огози чамъоварии хосили пахта

Видео: Восеъ. Огози чамъоварии хосили пахта

Дар нохияи Восеъ, мавсими чамъоварии хосили пахта огоз гардид. Яке аз аваллинхо шуда, аъзоёни  кооперативи тичоратии ба номи Нурулло Ашуров  аз чамоати дехоти ба номи Абди Авазов ба чамъоварии хосили чинаки аввали пахта шуруъ карданд. Рузи аввали чиниши пахта  зиёда аз сад нафар  аъзоёни хочаги ва  коргарони кироя ба сахро баромаданд.  Дар майдони пахтазор ана хамин  хел хосили пахта  бисёр аст.  Рохбарияти   кооперативи тичоратии ба номи Нурулло Ашуров   имсол дар майдони 25 гектар кишти пунбадона гузаронида, барои хар чи зудтар ва бе талаф  чамъоварии хосил   шароити  мусоиди мехнатро  фарохам оварданд. Далер Салимзода  рохбари хочаги  мегуяд,  назар ба соли гузашта, имсол  хосили пахта як маротиба зиёд аст.

Восеъ.Огози чамъоварии хосили пахта 02

Восеъ.Огози чамъоварии хосили пахта 05

Восеъ.Огози чамъоварии хосили пахта 07

Восеъ.Огози чамъоварии хосили пахта 10

Восеъ.Огози чамъоварии хосили пахта 14

 

Восеъ.Огози чамъоварии хосили пахта 15

Ба монанди   кооперативи тичоратии  ба номи Нурулло Ашуров  дар  нохияи Восеъ, шумораи хочагихои дехконии пахтакор 1458 адад мебошанд. Пай хам онхо ба чамоварии хосили пахта шуруъ мекунанд. Дар хочагии  дехконии ба номи Курбоназар  хочагидорон аз майдони хашт гектар пахта мечинанд.    Дар чамъоварии пахта хамрохи  аъзоёни хочаги дигар сокинони  бе шугли  деха ба кор  карда шуданд. Рохбарияти хочаги  нисфирузи чинакчиёнро бо хуроки  гарм таъмин менамояд. Барои  пардохти хакки чиниши пахта, хавасманд гардонии чинакчиён,  мушкилоти хочагидорон   танхо  дар фуруши пахта аст.

Восеъ.Огози чамъоварии хосили пахта 38

Восеъ.Огози чамъоварии хосили пахта 45

Восеъ.Огози чамъоварии хосили пахта 47

 

 

Восеъ.Огози чамъоварии хосили пахта 48

Восеъ.Огози чамъоварии хосили пахта 50

Кооперативи  тичоратии  ба номи Нурулло Ашуров, баъди як руз. Хосили  пахтаи ин замин  як руз пеш чамъовари   шудааст. Барои  нигох доштани сабзиши нихоли пахта  дехконон  ба замин  об мондаанд. Нихолхои пахта ана хамин хел  дар холи сабзиши хуб    карор доранд. Хар як нихол то чил дона курак дорад. Хамин кадар гулу шонаи бисёр  дар холи сабзиш мебошад.  Дар ин замин хочагидорон баъди се руз ба чамъоварии чинаки дуюми  хосили  пахта шуруъ мекунанд.

Восеъ.Огози чамъоварии хосили пахта 18

Восеъ.Огози чамъоварии хосили пахта 26

Восеъ.Огози чамъоварии хосили пахта 27

Восеъ.Огози чамъоварии хосили пахта 34

Восеъ.Огози чамъоварии хосили пахта 36

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *