home Руйдодхо Видео: Хунар, бехтар аз симу зар — Муминобод

Видео: Хунар, бехтар аз симу зар — Муминобод

Хунари дузандаги  ва  ин  мошинаи дарздузи   ба Кибирё  Каримова   аз модар мерос мондааст.  Дар синни    74 солаги ана хамин тавр  чархи мошинаро тоб дода,     болопуши   курпаву, болишт,  чодару  дастархони руи мизи, куртахои зардузикардашуда,    медузад.     Хунари уро келинхо  аз худ намуда,   хамрохи модар,  ба ин шугл  машгул мебошанд.

Хунар бехтар аз симу зар-Муъминобод 01

Хунар бехтар аз симу зар-Муъминобод 06

Хунар бехтар аз симу зар-Муъминобод 08

Хунар бехтар аз симу зар-Муъминобод 10

Хунар бехтар аз симу зар-Муъминобод 11

Хунар бехтар аз симу зар-Муъминобод 15

Холаи Кибирё  ин  чакану гулдузихоро  хам худаш  духтааст.  Чодархои аруси  бо накшу нигори милли  аз  мехри беандозааш ба таъриху  фарханги  халки точик  дарак медихад.   Дар чодархои гулдузи,  манзарахои зебои табиати Точикистон, иникос ёфтаанд. тамошои он диккати хар як бинандаро  ба худ чалб месозад.  Накши  асп,  домоду арус  дар либоси милли   бо санъати баланд кашида шуда, гулдузи шудааст.     Дар хама хучрахои хонааш курпахои духтааш тал карда шудаанд  У мегуяд, ки дар холи хозир зиёда аз хазор  адад курпаи   тайёр  дорад.   Хунар ба у  ризки фаровон дод.  Аз даромади он  дахсола хурокаашро  чамъ оварда,  захира кардааст.

Хунар бехтар аз симу зар-Муъминобод 39

Хунар бехтар аз симу зар-Муъминобод 45

Хунар бехтар аз симу зар-Муъминобод 46

Хунар бехтар аз симу зар-Муъминобод 49

Хунар бехтар аз симу зар-Муъминобод 50

У  инсони саховатманд аст. Ба оилахои ниёзманд кумак мерасонад. Ба навхонадорон гулдузиву, чихози аруси тухфа мекунад.  Ба санъати овозхони ва навозиши дутор  завки калон дорад.  Ичрокунандаи ракси якка дар   фестивал озмуни «Бустон» як, «Бустон»-2  ва «Бустон»-се   аз нохияи Муминобод  мебошад. Кибирё Каримова, духтари кухистони дар  чамоати дехоти ба номи Шамсиддин Шохини нохияи Муминобод, умр ба сар мебарад. Собик   хизматчии давлати, дар корхои  давлати  ва чамъияти   солхои зиёд кор кардааст.   Барои хизматхояш давлат уро бо мукофотхои зиёд  кадр кардааст. Шукронаи давлат, тинчию осудаги  мекунад.

Хунар бехтар аз симу зар-Муъминобод 20

Хунар бехтар аз симу зар-Муъминобод 30

Хунар бехтар аз симу зар-Муъминобод 33

Хунар бехтар аз симу зар-Муъминобод 34

Хунар бехтар аз симу зар-Муъминобод 36

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *