home Руйдодхо Видео: Хунарманди дар Хулбук — Восеъ

Видео: Хунарманди дар Хулбук — Восеъ

Ин похсаи сангу лой набуда, балки лулаи  нимтаёри охан  мебошад. Дар ин замини дашти ба  ин гуна лулахои охан сари хар кадам вохурдан мумкин аст. Ин мавзеъ, замини  шахристони Хулбуки асри миёнаги  аст. Аз калъаи Хулбук дар масофаи 230 метр дур вокеъ гаштааст. Абулло Хочаев директори мамнуъгохи таърихии Хулбук,оханпорахоро дида  ба хулосае омад, ки дар гузашта дар ин чо устохонахои хунарманди  мавчуд буда, ба истехсоли махсулотхои гуногун  машгул буданд.

Хунарманди дар Хулбук-Восеъ 08

Хунарманди дар Хулбук-Восеъ 11

Хунарманди дар Хулбук-Восеъ 15

Хунарманди дар Хулбук-Восеъ 19

Абдулло аз ин бозёфти худ, ба бостоншиносон хамкоронаш хабар дод. Ковишхо,  рузи 15 уми декабр шуруъ гардид. Дар натича бостоншиносон аз  ин гушаи мавзеъи шахристони Хулбуки асри миёна ана ин деворо пайдо намудаанд. Девор бо хишти пухта бо санъати баланди меъмори сохта шудааст. Дарозиаш  зиёдтар аз шаш метр аст. Ковишхо идома ёфтанд. Аз ин кунчи хучра, ин   порахои кузахои сафоли, чунин зарфхои рангаи аз шиша сохта шударо пайдо намудаанд. Бостоншиносон ба хулосае омаданд, ки хучраи кушодаи  онхо устохонаи хунарманди мебошад. Бозёфтхо шаходат аз он медихад, ки дар Хулбуки асри миёна хунарманди таракки карда будааст.

Хунарманди дар Хулбук-Восеъ 104

Хунарманди дар Хулбук-Восеъ 105

Дар мавзуъи  рушди хунарманди дар Хулбуки асри миёна, аз руи ковишхо,  бостоншиносон маълумотхои зиёде чамъ овардаанд.  Ин сахифахо маълумотхои таёри чамъовардаи бостоншиносон мебошанд. Агар сарпарасте пайдо гашта, ин сахифахо   дар шакли китоб  чоп мешуданд,  аз  таърихи хунармандии асримиёнагии точикон  дар таърихи  халки точик сахифахои тоза   пайдо мешуданд.

Хунарманди дар Хулбук-Восеъ 100

Хунарманди дар Хулбук-Восеъ 102

Дар гушаи дигари ин мавзеъ, хам ковишхо гузарониданд. Аз ин чо чунин хиштхои шашкунчаи сафоли пайдо намудаанд. Гумон меравад, ки  ин яке аз хучрахои устохонаи хиштсози аст. Ковишхо холо идома доранд, аз натичаи бозёфтхои бостоншиносон аз Хулбуки асри миёна  дар гузоришхои минбаъда иттилоъ хохем дод.

Хунарманди дар Хулбук-Восеъ 24

Хунарманди дар Хулбук-Восеъ 44

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *