home Руйдодхо Видео: Хунармандон — Восеъ

Видео: Хунармандон — Восеъ

Ин олоти мехнат, аз  бобову бобокалонаш ба Илхом мерос мондааст. У бо хохиши човандозон, зину дигар афзорхоро барои асп месозад.  Бо хамин восита ин  хунари  ачдодиро  идома дода, аз даромади он зиндагии оилаашро пеш мебарад. Дар дехаи Бахористони  чамоати дехоти ба номи Мирзоали Вайсови нохияи Восеъ,  оилаи Шарифовхо шуглашон хунарманди  буда,  « Солхои рушди дехот, сайёхи ва хунархои мардуми» эълон шудани солхои 2019-2021- ро хамчун падидаи мухим,  пазируфтанд.   Амаки Абдучаббор ва писараш Илхомро човандозон ва  бисёр хофизону сарояндагон хуб мешиносанд.     Дар катори зин  ва  афзорхо барои асп, дар  ин устохона  онхо   хамчунин аз   созхои милли,  дутор ва доира    месозанд.

Хунармандон-Восеъ 02

Хунармандон-Восеъ 05

Хунармандон-Восеъ 06

Хунармандон-Восеъ 07

Хунармандон-Восеъ 13

Хунармандон-Восеъ 14

Барои амаки Абдучаббор, хунарманди  шугли писандидааш ба хисоб меравад. Барои пеш бурдани ин хунар у  соли гузашта ин устохонаро сохт. Барои сохтани зину, созхои милли,  ашёи хом, олотхои мехнат ва дигар ашёхои заруриро  чамъ оварда, дар устохона  шароитхои созгор мухаё кард.

Хунармандон-Восеъ 34

Хунармандон-Восеъ 35

Хунармандон-Восеъ 45

Хунармандон-Восеъ 47

Хунармандон-Восеъ 48

Хунармандон-Восеъ 50

Дар ин оила хунарманди мероси аст. Аз насл ба насл  мегузарад.  Ба хунари бобо, насли оянда  фарзандон ва наберахо бо таввачухи калон менигаранд.  Дар ин оила, ки шуглашон хунарманди аст, фарзандон бекор намегарданд. Ин чо ки кор хаст, суруд хам хаст.

Хунармандон-Восеъ 15

Хунармандон-Восеъ 18

Хунармандон-Восеъ 23

Хунармандон-Восеъ 27

Хунармандон-Восеъ 32

Хунармандон-Восеъ 33

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *