home Руйдодхо Боздошти замин ва обёри — Восеъ

Боздошти замин ва обёри — Восеъ

Дар нохияи Восеъ, ин китъаи канали Танобчи, як чанд руз пеш вайрон гашта, рохи об  ба хавзи  Селбур  баста шуд.    Корхои     баркарорcози ин  хафта  огоз гардиданд.  Дар корхои сохтмонии  ин китъаи канал,   идораи  давлатии  бехдошти замин ва обёри аз хамаи имкониятхо истифода намуда, чои вайронгаштаи каналро таъмир не, онро   пурра  аз  нав месозанд. Дар чамоати дехоти ба номи Мирали Махмадалиев, канали Танобчи  яке аз иншоотхои мухими обёрии заминхои кишоварзи  ба хисоб  меравад.  Бо об пур шудани хавзи Селбур аз холати хамин канал вобастаги дорад.    Аз басташавии канали Танобчи дар  хавзи Селбур, ин шабу руз хамин кадар об мондааст. Идораи давлатии бехдошти замин ва обёри кушиш намуда истодаанд, ки  бокимонда оби хавзро  самаранок истифода намояд.  Тавасути пойгохи обкашии Селбур онро ба заминхои кишоварзи мерасонанд. Аз пойгохи обкашии Селбур кариб   се хазор  гектар заминхои кишоварзи  обёри карда мешаванд. Мохи август  дар пойгох садои агрегатхо ягон сония  хомуш нестанд. 14 нафар кормандон ба рафти фаъолияти агрегатхо назорат мебаранд.

Дар нохияи Восеъ, мисли пойгохи обкашии Селбур, 28 адад, пойгохо кор мекунанд. Кариб 60% заминхои  кишоварзии  нохия тавассути хамин гуна,  пойгохои обкаши обёри карда мешаванд.  Аз пойгохи обкашии Холов дар чамоати дехоти Тугарак зиёда аз ду хазору сесад гектар заминхои худуди чамоати дехоти Тугарак  дар баландии то 75 метр обёри мегарданд.        Дар чамоати дехоти ба номи Мирали Махмадалиев, кормандони  идораи  бехдошти замин ва обёри интизор хастанд, ки  азнавсозии канали Танобчи  хар чи тезтар шуруъ гашта, сатхи хизматрасонихо  бехтар гардад.   Бо вучуди мушкилотхои мавчудбуда,   идораи давлатии  бехдошти замин ва обёри кушиш доранд, ки  китъахои вайроншударо бо кувваи худи ва кумаки кишоварзон  таъмир созанд.

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *