home Руйдодхо Ангури Шуробод — Ш. Шохин

Ангури Шуробод — Ш. Шохин

Ин ангури Шурообод аст. Ана хамин гуна хушахои пур аз меваи  аз лихози экологи тозаи ин  чойлоб   диккати бинандаро чалб менамояд. Ин токзор бо мехнати Набихон Файзуллоев обод шудааст. Бо ин икдоми худ, Набихон собит сохт, ки дар иклими кухистони Терайзамин  дар баробари богкори  ба токпарвари хам  шугл варзидан  манфиатовар аст. Наботхон  чангалбон аст. У мегуяд, ки дастуру хидоятхои рохбари давлат  дар самти истифодаи окилона ва самараноки  замин, муносибати  Уро   ба хифзи табиат  боз хам бештар намуд.   Набихон,  навхои гуногуни себу дигар растанихоро дар китъаи замини наздихавлигии манзили истикоматиаш  пайванд намуда, сол  то сол ба натичахои хуб ноил  гашта истодааст. Дар мависми имсолаи нихолшинони  хазор  бех нихолхои  пайвандшударо пешкаши сокинон гардонидааст.

Дар ин халтахо бошад, Набихон картошка кишт намудааст.  Аз баски ин китъаи  замини наздихавлиаш сангзамин аст,   аз чунин усул истифода намудааст.Хар як халта ана хамин кадар ва аз ин зиёд  хосил   додааст. Набихон, гайр аз ангур хамчунин барои парвариши   кулфинай  дар шароити Шурообод  озамоиш  кард. Дар чунин кутихо кулфинай шинонида, хосили  хуб ба даст овард. Максад дорад, ки соли оянда майдони токзоро васеъ намуда,  кишти кулфинайро  зиёд намояд.

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *