home Руйдодхо Барои хосили баланд — Восеъ

Барои хосили баланд — Восеъ

Дар нохияи Восеъ,  чамоати дехоти Тугарак дехаи Навобод ин заминхоро  хочагии дехконии ба номи  «Фарухруз» истифода менамояд. Се сол пеш  ин  хочаги  аз хамин заминхо ба кадри 35 сентнери хосили пахта гирифтанд.   Имсол  аъзоёни хочаги аз  майдони 14 гектар    пахта  чамъовари  менамоянд.   Холати нашъунамои нихолхои пахта ва хосилнокии он  назар ба солхои пешин,  паст мебошад. Норасоии оби полези  мушкилоти  хочагидорон гаштааст. Ин нихолхои пахта кариб, ки бе об парвариш карда шуданд.   Ба ин замини 14 гектара хамаги як маротиба  об монда шудаасту халос.

Мушкилоти оби полези, дар ин мавсим дар заминхои чамоати дехоти ба номи Абди Авазов хам мушохида гардиданд. Дар дехаи Чавони  рохи халли онро ёфтанд. Бо пешниходи кумитаи махалла,   барои шодобнамудани заминхои пахта, усули   навбатобро чори карданд.  Хочагидорон,  обро   сарфакорона истифода намуда  ба гирифтани хосили  баланд  ноил гардиданд. Бо икдоми  кумитаи махалла, дар чамъоварии хосили пахта,  сокинони деха ба кори мавсими чалб карда шуда, аз даромади он бучаи оилавии худро гани мегардонанд. Дар хочагии дехконии ба номи Фарухруз бошад, дехконон  аз мушкилоти  пешомадаи имсола хулоса бароварда,  дар паи рохи халли он  мебошанд.

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *