home Руйдодхо Даъвати тирамохи -Фархор

Даъвати тирамохи -Фархор

Дар нохияи Фархор,  рузи даъватшаванда дар сатхи баланди  омодаги  доир гардид.  Ин  чавонон  то  огози  чорабини ба комисариати харбии нохия хозир шуда, омодагии  худро барои адои карзи шахрванди   изхор намуданд. Дар ин руз 150 нафар чавонони синни даъвати  баъди гузаштан аз комиссияи тибби дар чорабинии  фарханги бахшида ба рузи даъватшаванда иштирок намуданд. Ин чорабини дар варзишгохи марказии нохия доир гардида, дар он  барои гусели наваскарон,  намояндагони макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия, рохбарони макомотхои хифзи хукук,   волидони наваскарон иштирок карданд.

Дар чамъомади идона,  нахуст раиси нохияи Фархор,  бахшида ба рузи даъватшаванда, кайд намуданд, ки  ин чавонони бонангу номус бо  масъулияти баланд, иродаи мустахкам, садокату мухаббат ба ватан доранд. Бовари хаст, ки  онхо  дар сафи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон  софдилона  хизмат намуда,  баъди адои хизмат бо сари баланд назди падару модар бармегарданд. Ватан бо чунин фарзандонаш ифтихор менамояд. Хамчунин, ба он волидоне, ки  чунин фарзандонро тарбия намуда, ба камол расониданд, аз номи макомоти ичрояии хокимияти давлатии нохия ба онхо изхори  сипос карда шуд. Дар чорабинии рузи даъватшаванда, наваскарон ва волидони онхо баромад карданд. Дар кисмати фархангии чорабини кормандони бахши фарханги нохия бо барномаи рангини идона, назди наваскарон баромад карданд. Бо риояи анъанахои милли, чорабинии рузи даъватшаванда анчом ёфт.

 

 

Гузориши Хоча Назриев,  Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *