home Руйдодхо Даъвати тирамохи — Восеъ

Даъвати тирамохи — Восеъ

Дар нохияи Восеъ,  дар  чорабинии идона, бахшида ба рузи даъватшаванда 100 нафар наваскарон  баъди гузаштан аз комиссияи тибби  саф оростанд. Барои гусели наваскарон, намояндагони макомотхои хифзи хукук, собикадорони мехнат, рохбарони ташкилоту муассисахо, дастахои ихтиёриёни Хизби халки демократии Точикистон  ва волидони наваскарон иштирок намуданд.

Дар баромади раиси нохияи Восеъ, кайд карда шуд, ки  хамагон  шохиди он хастем, ки  як чанд руз пеш  бо иштироки  Асосгузори Сулху Вахдати Милли, Пешвои Миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон  бинои нави комисариати харбии нохия  мавриди истифода карор дода шуд. Иштироки Президенти Чумхурии Точикистон дар расми ифтитохи ин иншоот мо сокинони нохияро ба хусус чавононро водор месозад, ки нисбати  хизмат ба ватан боз хам масъулиятшинос буда дар рохи  хизмат ба  халку ватан барои дифои марзу буми Ватан хамеша омода бошем.Дар чорабини бахшида ба рузи даъватшаванда, сарбозони кисми низоми ва волидони наваскарон  баромад карданд.  Дар мухити дона ба хатмкунандагони курсхои хунаромузи шаходатномахо супорида шуданд.  Дар кисмати фархангии чорабини хунармандони бахши фарханги нохия бо барномаи идона,  хотири иштирокчиёни чорабиниро шод гардониданд.

 

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *