home Коронавирус: Овозаҳо ва ҳақиқат Фейкхои маъмул оиди коронавирус. Коронавирус.Овозахо ва хакикат № 11

Фейкхои маъмул оиди коронавирус. Коронавирус.Овозахо ва хакикат № 11

Нурбобо Сайдалиев, мераксад.  Ин ракси одди нест. Амаки Нурбобо мегуяд, ки бо ин тарз   дасту пойхояшро ба харакат дароварда  У балои  коронавирусро аз худ дур месозад. У мегуяд, ки ба бемории коронавирус  гирифтор шудааст. Бо хамин рох ва истифода  аз доруе, ки   тайёр намудааст,  худро табобат намуда,  шифо ёфтааст. Амаки Нурбобо соли оянда   ба синни     90 солаги кадам мемонад. Се маротиба чарохи шуда, аз се ду хисаи меъдааш  нест.  5 сол пеш нобино шудааст. Бо вучуди ин зиндагиро дуст медорад. Мегуяд, ки  хамаруз ба варзиш машгул мешавад. Бо хамин роххо  худро аз беморихо  ва махсус  аз бемории  коронавирус  эхтиёт менамояд. Собик суратгири рузнома, рохбари хочагии чангал, муддати  кариб ним аср  нафакахур  Нурбобо Сайдалиев, вазъи саломатиаш уро водор намудааст, ки барои муолича  назди табибони маъруф ба  Россия, Белорусия ва Украина  сафар намояд.  Аз руи тачрибаи гирифтааш,   оиди пешгирии  бемории  коронавирус,  машкхои гуногунро ичро мекунад. Бо ичрои ана ин машк У мегуяд, ки шушхояшро дар холати  хуб нигох медорад. Нурбобо Сайдалиев ба он нигох накарда, ки сину солаш дар холи риск мебошад, аз коронавирус наметарсад. Ба хар гуна овозахо бовар намекунад.

Оиди бемории коронавирус,  на хамаи одамон мисли амаки Нурбобо андеша доранд. Дар натичаи  овозаи  дуруг дар нохияи Восеъ, беморони гирифтори коронавирус  дар беморхонаи  ракамии 5 аз бистари  шудан  метарсанд.  Беморхона фаъолият дорад. Духтурон дар чои корашон хастанд. Тавре, ки духтурон гуфтанд, мохи аввал дар беморхона аз бисёрии беморон хучрахо пур шуда, чои кадамзани намонда буд. Овозахои дуруг  боиси он шуд, ки муддати се мох  ягон нафар гирифтори бемории коронавирус ба ин беморхона намеояд. Овозахое, ки  нисбати ин беморхона баромаданд, фейк баромаданд. Мо шохиди он шудем, ки беморхона ба кабули беморони гирифторони ковид-19 омода мебошад. Доруворихо захира карда шуда, барои муоличаи беморон нигох дошта шудаанд. Беморхона беморонро интизор аст. Овозаи дигар, кумакхои ичтимои мебошанд. Мохи октябр  байни  одамон  овозае пахн гашт, ки гуё  дар вазъияти ковид-19 ба нафакахурон дар хачми 400 сомони  пул чудо шудааст. Ин овозаро раисони махаллахо пахн карданд. Файзали Раиси махаллаи яке аз кучахои шахраки Хулбук мебошад. У мегуяд, ки  ин овозаро шунида аник кард, ки чунин нест. Маблаги чудошуда ба кудакони ятим ва оилахои онхо равона шуда буд. Барои муаян намудани ин овоза мо ба  раёсати агентии нафака ва сугуртаи ичтимои омадем. Дар ин чо ба мо гуфтанд, ки одамони зиёд ба ин овоза бовар карда, саргардон шуда,  назди мо омаданд. Мо ба онхо асли  холро  гуфта, мохияти  онро фахмонидем.  Дар вазъияти коронавирус оиди коронавирус дигар  овозахои дуруг  байни одамон пахн гардиданд. Нурбобо Сайдалиев, бошад, ба овозахои дуруг  диккат намедихад. Дар ин сину сол худро бардаму сихат хис мекунад. У мегуяд, ки омода хаст, ба дигарон маслихат дихад.

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *