home Руйдодхо Хамадони — Идомаи даъвати тирамохи

Хамадони — Идомаи даъвати тирамохи

Дар комисариати харбии нохияи Мир Саид Алии Хамадони  даъвати тирамохии чавонон ба сафи Куввахои мусаллахи Точикистон   идома дорад.   Ин навбат 35 нафар   чавонон баъди хатми курси кутохмуддати  ронандаги  барои адои карзи шахрванди ба хизмати харби  сафарбар мегарданд. Маросими гусели наваскарон дар мухити идона доир гардида, дар он волидони наваскарон, намояндагони макомоти ичроияи  хокимияти давлатии нохия, иштирок доштанд. Дар баромади раиси нохияи Мир Саид Алии Хамадони  ба муносибати даъвати тирамохии чавонон ба сафи куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, кайд карда шуд, дар катори дигар чавонони шахру нохияхои кишвари азизамон,  сахми чавонони нохия, дар хифзи

Модар  — ватан шоистаи тахсин мебошад. Чавонони нохияи Мир Саид Алии Хамадони дар чузъу томхои Куввахои Мусаллах ва дигар сохторхои харби содикона хизмат намуда истода, аз номи рохбариятхои кисмхои харби ба унвонии макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия ва волидони аскарон борхо сипосномахо ворид гардидаанд. Сипас дар мухити идона ба наваскарон шаходатномахои хатми курси ронандаги супорида шуд. Бо анчоми чорабини навскарон  барои адои  хизмати харби  ба кисмхои харби гусел карда шуданд.

 

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *