home Руйдодхо Хамоиш — Восеъ

Хамоиш — Восеъ

Дар нохияи Восеъ, тахти унвони «Савганди Пешвои миллат-савганди мо чавонон» хамоиш  доир гардид. Хамоиши мазкур, дар хошияи Маросими Савгандёдкунии Президенти Чумхурии Точикистон. Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои Миллат, мухтарам Эмомали Рахмон баргузор гардида,   дар он  чавонони касбу кори гуногун, чавонони муваффак, гирандагони стипендияи Президенти, голибони озмунхои нохияви ва вилояти  ширкат намуданд. Дар ин чорабини  бо  сухани ифтитохи мудири бахши кор бо чавонон ва варзиш дар нохияи Восеъ кайд намуданд, ки боиси ифтихор аст, ки Пешвои муазами миллат, мухтарам Эмомали Рахмон баъд аз голибият дар интихоботи навбатии Президенти Чумхурии Точикистон, расман барои 7 соли ояндаи созандаву пешрафти Точикистони азиз, назди мардуми шарафманди Точикистон савганди садокат ёд намуданд, ки ин савганд Савганди  мо ва Шумо махсуб меёбад.

Сипас намояндагони касбу кори гуногун дар мавзуъхои «Савганди Пешвои миллат- савганди мо чавонон», «Пешвои миллат рамзи иттиходу сарчамъи ва саодату осудагии мо чавонон», «Садокат ба Пешвои миллат садокат ба миллат аст» «Эмомали Рахмон ва си соли сохибистиклоли» баромад намуданд.  Бо дарназардошти  музокирахо  ва пешниходхои чолиб аз номи иштирокчиёни хамоиш изхорот  кабул гардид. Аз чониби иштирокчиёни хамоиш  изхороти мазкур  бо шиорпартоии  «Савганди  Пешвои миллат- савганди мо чавонон», Мо чавонон ба Пешвои миллат содикем», ва кафкубихои бардавом  хамачониба дастгири карда шуд.

 

Гузориши Хоча Назриев,Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *