home Руйдодхо Истифодаи замин — Восеъ

Истифодаи замин — Восеъ

Дар чамоати дехоти ба номи Рудаки, нохияи Восеъ ин заминхо шуразамин буда,  солиёни зиёд,  алафхои худруи табии, пеши рохи  хосилнокии  заминро мегирифтанд.  Сокини дехаи Анористон,  Файзалли Сафаралиев, бо максади баланд бардоштани хосилноки,  алафхои зараррасонро  аз ин замин  реша кан карда мепартояд. Ин коро У тавасути каланд, не балки бо зогнул анчом медихад. Чун, ки решаи ин алафхо чукур хастанд.

Дар ин мавзеъи дехаи Анористон бо хамин тарз соли гузашта дар пахлуи заминхое, ки Файзалли истифода менамояд, ин замин аз алафхои бегона тоза карда шуда, имсол хосилнокии он  як маротиба  баланд гардид. Ин заминро бародари Файзалли Нуралли Рахмонов истифода менамояд. Макка ва лубуёгихо хосили кишти такрори мебошанд. Нуралли омузгор аст. Вактхои холиги ба  дехкони машгул аст. Бо захмати муаллим ва ахли оилаи У   зиёда аз як гектар шуразамин ба замини кишт табдил дода шуда, имсол хосили хуб ба даст оварданд. Бо икдоми бародарон, Файзалли ва Нурали, дигар хамсояхо ибрат гирифта,  зиёда аз 18 гектар шуразаминхои ин мавзеъи дехаи Анористон ба заминхои кишт табдил дода шуда, бо ташкили хочагихои дехкони дахо оилахо сохиби  чои  кор  гардиданд. Муаллим Нурали Рахмонов  бо истифодаи самараноки замин,  имсол аз  китъаи замини наздихавлигии манзили истикоматиаш,  якуним хазор килограм  помидор, садхо килограм мева, чамъ оварда, шарбату ширинхои аз лихози табии тоза захира намудааст.

 

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *