home Руйдодхо Кишоварзи: Хосили рекорди — Восеъ

Кишоварзи: Хосили рекорди — Восеъ

Ин замини пахтазор, китъаи замини озмоиши нест. Онро сокини нохияи  Восеъ аз чамоати дехоти Тугарак, дехаи Лархоби,  дехкони ичоракор,   Рахим Халимов истифода менамояд.  Дар натичаи истифодаи самараноки замин, имсол    ба  Рахим  муясар гардид, ки хосили  рекордии пахта чамъовари намояд.  Рахим мегуяд, ки  пахтае ки  У парвариш намудааст, сифаташ аъло буда, хар як пораи он аз хашт то дах чигит дорад. Мувафакияти худро У    дар истифодаи самараноки замин, саривакт додани гизо   ва  оби полези мебинад. Бо хамин восита, хосили нихолхои пахтаро  нигох дошт. Китъаи замине ки  Рахим истифода менамояд, 1,5 гектаро ташкил дода, шуразамин буда,  солхо бекорхобида буд. Хору хаси бегонаро аз замин тоза карда, Рахим онро ба замини кишт табдил дод.    17 нафаро ба чои кор таъмин  кард.  Дар мавсими чамъоварии  хосил, аъзоёни хочаги бо завки калон омада  пахта мечинанд.

Бахри дар амал тадбик намудани сиёсати кишоварзии Хукумати Точикистон, дар самти истифодаи самараноки замин, Рахим имсол,  иловаги  ана  дар  ин 16 сотих замини бекорхобида, барои тачриба  пунбадона кишт намуд.  Аз ду чинаки аввал, аз 16 сотих замин  ба кадри 716 килограм  пахта чамъовари намуд.  Хосили бокимондаро дида хулоса кардааст, ки  то охири мавсим  боз хамин кадар хосил чамъовари менамояд.

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *