home COVID-19 КОВИД-19 № 2 «Моро гуруснаги тахдид намекунад»

КОВИД-19 № 2 «Моро гуруснаги тахдид намекунад»

Ин наворхо   аз  токзори хочагии  дехконии «Махдалиён» сабти  ду сол пеш мебошад. Он аём, аз масохати як гектар токзор, хочагидорон  ба кадри 40 тонна ангур хосил гирифта, бозори нохия ва минтакаро бо ин махсулот таъмин намуданд. Аз хосили  токзор  ба бучаи оила  хам, даромади хуб ворид гардид.  Салом Беков сардори  хочаги,   дар бораи  даромад аз  хосили ангур  он вакт  бо каноатманди гап зада буд. Дар вазъияте, ки  коронавирус дунёро ба ташвиш овардааст  ва  масъалаи таъмини  гизо яке аз  мавзуъхои  руз аст, мо   ба дехаи Гулистон омада аз ин токзор дидан намудем.  Чунин  вазъияти токзоро  дида хайрон шудем. Соли  гузашта аз хамин токзор зиёда аз 40 тонна  хосили  ангур чамъовари шуда буд. Имсол бошад,   нихолхои токзор касал шуда,  ягон дона ангур надоранд, мегуяд амаки Салом. 750 дона нихоли токзор  ана хамин тавр хушк  шуданд. Салом Беков, хайрон мондааст.   Сабабхои касал шудани токзоро  гамгину аламовар   шарх медихад.      Дар хусуси зарари расида ба хочагии дехконии «Махдалиён» Салом Беков ба раёсати кишоварзии нохия хабар додааст. Товони зарар, муаян  нашудааст. Хамин гуна вазъиятро дар дигар токзорхо мушохида кардан мумкин аст,  мегуяд сармутахасиси раёсати кишоварзии нохияи Восеъ,  Искандар Рахимов. Дар  бахши  ОМОР –и нохияи Восеъ, аз натичаи фаъолияти истехсолиашон,  хочагидорон хисобот медиханд. Абдурахим, сармутахасиси бахши кишоварзи мебошад. Давр ин хусус У маълумоти бештар дорад.

Бо максади ошоноии наздик аз вазъияти фаъолияти хочагидорон   ба дехаи Ибрат омадем. Ин дехкононро саргарми кор дидем. Чуворимакка хосили кишти якум мебошад. дехконон кушиш доранд, ки хосилро чамъ оварда,тезтар ба  кишти такрори шуруъ намоянд.     Мехмондуст Сайдахмадов, дехкони безамин аст. Ду гектар заминро   ичора  гирифта  хамрох бо фарзандонаш, сохиби чои кор шуданд.   Шиками сери   се оила, умеди ягонаи  фарзандон  даромади хосили   замин аст.  Дар вазъияти коронавирус, амаки Мехмондуст,  кушиш дорад, ки   нисбат ба солхои пеш имсол  заминро  бехтар истифода намуда, хосили бештар ба даст оварда, барои давраи зимистон  захира намояд. Ин дехонон, дар  замин  махсулоти истеъмолии  талаби руз гандум, харбуза, тарбуз, бодирингу, помидор ва дигар махсулотхои гизои  парвариш намудаанд.  Байни махсулотхо,  помидор касал шудааст. Барои рангоранги аз ин китъаи замин  ба китаъи дигар омадем. Дар дехаи Лархоби чамоати дехоти Тугарак, ин заминро хочагии дехконии ба номи «Хуршед» истифода менамояд. Нурхон Азимов солхои зиёд мешавад, ки шуглаш дехкони аст. Каламфури болгари, каламфури тез боимчон  ва дигар сабзавотхо парвариш намуда, бозори нохияро бо хамин махсулотхои ниёзи ахоли таъмин менамояд. Амаки Нурхон мегуяд, ки  дар бораи коронавирус фикр мекунанд. Аммо вакти бекори нест.  Мехнат, онхоро аз бемори нигох доштааст. Салом Беков хам дар мехнат обу тоб ёфтааст. Синаш аз 70 солаги гузаштааст. Бемор нашудааст. У максад дорад, ки  токзорашро аз нав баркарор намояд.

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *