home COVID-19 Ковид-19 № 4. «Табобат ройгон аст»

Ковид-19 № 4. «Табобат ройгон аст»

Акмал, хамчун  духтур, одаме  мебошад,  ки  хамаруза  бо гирифторони бемории ковид-19 дар алока аст.  У беморонро аз муоинаи рентгени мегузаронад. Бо онхо оиди  бемориашон ру ба ру сухбат менамояд.  Тибки  итиллоъ,  Акмал дар як руз то 200 нафаро  аз дастгохи  ренгени  гузаронида, хамаруза то си ва зиёда аз он нафарони гирифтори  бемории  ковид-19 ро  муаян намуда, ба кайд мегирад.  Дар нохияи Восеъ ин  дастгохи рентгени  ягона  аст.  Бо мурочиати  беморон  аз меъёр зиёд кор фармуда мешавад.  Баъзан холатхо мешавад, ки дастгох вайрон шуда аз кор мемонад. Ё ин ки таъмирталаб мешавад. Дар чунин вазъият кори ин духтурон душвор мегардад.  Дар  марказ  хамрохи Акмал се нафар кор мекунанд. Ковид-19 ба  онхо хам гузашт. Ду нафари духтурон   гирифтори ин  бемори шуданд. Вазъи беморонро дида,  аз кор дур нашуда,   табобат гирифтанд. Дорухоро  барои табобат аз дорухона бо маблаги худ хариданд.  То хол изи сузандору аз дастони  Саймурод гум  нашудааст. Дар маркази зидди бемории сил,   барои  беморон  шароитхои мусоид фарохам оварданд.  Беморони ковид- 19  ба таври  ройгон  муоинаи рентгени  карда мешаванд. Баъди он ки бемории ковид-19 тасдик гардид, кори духтурони ин марказ  анчом меёбад.

Бо роххати ин марказ, бемор назди духтури сироятшинос фиристонида мешавад. Ин  шуъбаи сироятшиносии беморхонаи марказии нохияи Восеъ, аст. Ин чо беморони гирифтори ковид-19 бистари намешаванд. Оиди табобати  бемори  духтури мутахасис ба онхо маслихат медихад.  Духтурони шуъбаи сироятшиноси бо дигар шуъбахои беморхона алокаи зич доранд.  Онхо гирифторони ковид-19 ро  пайдо карда аз байни дигар беморон чудо менамоянд. Дар хамаи шуъбахои беморхона, барои пешгирии  ковид 19, тадбирхои профилактики мегузаронанд. Ин шуъбаи  беморихои амрози даруна мебошад. Ин чо беморони канд, гурда, чигар, дил ба табобат фаро гирифта шуданд. Инхо он  бемороне мебошанд, ки  дар холати   сироятёби карор доранд.   Барои муоличаи нафарони гирифтори бемории ковид-19 дар нохияи Восеъ, духтурхонаи  алохидаги   чудо карда шудааст, ки аз ин беморхона дар масофаи дур вокеъ мебошад. Лекин бисёр беморон дар беморхона не, хохиши дар хона табобат карданро доранд.  Бемории ковид-19 табобаташ ройгон нест.  Беморон дорухоро  аз дорухонахо бо маблаги худашон дастрас менамоянд. Маркази зидди беморихои сил, шумораи мурочиаткунандагон, тобистон хам  кам нашудааст.  Табибони марказ мекушанд, ки хизматрасонии тиббиро  аз руи имконияти доштаи беморхонахо,  амали созанд. Як хафта баъд боз назди Акмал баргаштем. Мисли рузхои пеш имруз хам кори  У  бисёр буд. 33 нафар гирифторони ковид-19 ро муаян кард.

 

 

17 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *