home COVID-19 КОВИД-19 № 5. Бозор

КОВИД-19 № 5. Бозор

Ин шарбату афшурдахоро, Зулфия Тайлонова, аз мевахои  боги наздихавлигиаш  таёр намуда,  барои давраи зимистон  захира намудааст.  Оилаи онхо калон аст, Зулфия кушиш дорад, ки хамон кадар махсулот захира намоянд, ки зимистонро гузаронанд. Ин кисмати дигари  махсулоти гизои, хамрох бо шарбату афшурдахои меваги дар ин хучра нигох дошта шудаанд.  Анбори калон бошад,  ин чо аст. Имсол,   барои  захираи гандум,   кулли сохтанд.Дар кулли зиёда аз се тонна гандумро  захира нигох медоранд.  Гандум махсулоти истехсоли  хочагии дехкониашон мебошад.  Ин линчахои пур аз шолиро хам  бо мехнати аъзоёни оила чамъ оварданд. Ковид-19 ана хамин тавр оилахоро водор намудааст, ки  маводхои гизоиро захира намоянд.  Ба мисли Зулфия, дигар оилахо хам барои захираи гизо  аз   рузхои тобистон истифода мебаранд. Гулнора сокини шахраки Хулбук мебошад. Барои он ки занон ба захираи гизо муносибати чидди дошта бошанд, бо икдоми раёсати кор бо занон ва оилаи макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Хатлон чорабинии усули хона ба хона ба рох монда шудааст.

Намояндагони шуъбахои кор бо занон ва оила хона ба хона гашта, бо захираи гизои оилахо шинос мегарданд.  Дар оилаи Гулнора  орду равгану, биринч,захира карда шуданд. Захираи хезуми чамъоварда барои ду сол басанда аст. Дилафруз Абдулхакзода, мегуяд, ки чорабинии усули хона ба хона натичаи хуб дод.   Дар ин хусус,  аз натичаи корашон  онхо ба макомоти болои хисобот доданд. Ин чо бозори чамъияти матлуботи нохияи Восеъ аст. Рузхои аввали овозаи ковид-19 арзиши махсулотхои гизои яку якбора ду то се маротиба боло рафт. Дар натичаи тадбирхои андешидаи давлат нарххо ба танзим дароварда шуданд.  Мохи август. Бозори чамъияти матлуботи нохия,    махсулотхои аввалияи ниёзи ахоли захира карда шуданд.  Анборхо пур аз махсулоти хурока  хастанд. Ин дуконхо давлати нестанд. Дар Точикистон, захираи гизо барои давраи зимистон, чидди аст. Дар ин хусус дар хамаи чорабинихо ва чамъомадхо таъкид месозанд. Дар машварати августии омузгорон раиси нохияи Восеъ  омузгоронро  таъкид намуданд, ки ба ин масъала диккати чидди зохир намоянд. Дар манзили Зулфия Тайлонова, кариб, ки хамаруза 15  адад  ана  хамин гуна  нони гандуми  мепазанд. Ин оила аз бозор орду дигар махсулотхои гизои  намехаранд. Хамаашро захира карданд.

 

 

21 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *