home COVID-19 Ковид-19 № 6. «Лулихо: «Моро худо нигох медорад».

Ковид-19 № 6. «Лулихо: «Моро худо нигох медорад».

Дар чамоати дехоти Тугарак, нохияи Восеъ,  дар ин кисмати дехаи Тугарак, лулихо зиндаги доранд. Ин майдамилллат, худро   аз мардуми махалли  чудо карда, аз руи  анъана,  урфу оддат  ва хохиши  худашон зиндагиашонро пеш мебаранд. Шугли ин майдамиллат,  талбандаги буда,  хамаруза  дар гашт мебошанд.   Ковид-19,  тарзи зиндагии  ин одамонро дигар накард.  Ин гурухи авлод ба кучое, шитоб доранд. Ин марди кадбаланд, раиси махаллаи лулихо мебошад. Номаш Ориф буда,  байни лулихо,  савод дорад.  Авлодхо хама уро гуш мекунанд.  Оиди ковид-19, Ориф нисбат ба дигар авлодхо  бештар маълумот дорад.  Дар ин хусус, Ориф хуб гап мезанад, лекин У ва ин хамдехагонаш,   коидахои пешгирии бемории ковид-19 ро риоя намекунанд. Дар ин сафар мо  ягон нафареро надидем, ки аз  никоби мухофизати ё антисептик  истифода намояд.     Дар ин деха  аз  чониби маркази саломатии дехаи Тугарак  ба  ин майдамиллат  хизмати тибби расонида мешавад. Духтурон, оиди бемории ковид-19 хам байни ахолии деха корхои таргиботи мебаранд.

Мо назди нафаре ки навакак аз ин бемори шифо ёфтааст, ба хавлии он кас омадем.  Гавхарби Махмадалиева, хамаги якчанд руз  пеш аз ин бемори  шифо ёфтааст.  Духтури минтакави, мегуяд, ки  У тез тез аз ахволи лулихо хабар гирифта меистад, лекин,  бо ин майдамиллат кор кардан осон нест. Тибки итиллоъ,  занони лули нисбат ба расонидани хизматрасонии тибби, аз чониби духтурони минтакави муносибати хуб надоранд. Нисбат ба саломатии фарзандони худ бе парво мебошанд. Дар ин деха хамаги ду нафар гирифтори бемории ковид-19 ба кайд гирифта шудааст. Мегуянд, ки ин майдамиллат, имунитети  бакувват доранд,  бештар  хурокхои  гарм  истеъмол мекунанд, аз хамин  сабаб ба ин бемори гирифтор намешаванд. Ин акидаи як нафар сокини хамин деха аст. Хамчунин сокинон гуфтанд, ки ин майдамиллат бо рохои гуногун беморони худро табобат мекунанд. Аз сухбат бо духтурони минтакави ва мардуми махалли мо огох шудем, ки дар ин деха корхои безараргардони ва пешгирии ковид-19 хуб ба рох монда шудааст.  Бо дастгирии маркази саломатии дехаи Тугарак байни  мардуми деха оиди пешгирии бемории ковид-19 корхои оммафахмони гузаронида шуданд. Дар ин лахзахои  наворгири,  сокинони ин деха шитоб доранд.  Ба маърака  мераванд.  Авлодхо ана хамин тавр  ба тую мотам  бисёри мераванд. Ин чо фосила риоя намегардад. Дигар койдахои пешгирии ковид-19, хам.

 

 

20 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *