home Руйдодхо Махфили адаби — Хамадони

Махфили адаби — Хамадони

Дар  чамоати дехоти Даштигулло нохияи ба номи Мир Саид  Алии Хамадони тахти унвони накши Озмуни Чумхурияви «Фуруги субхи донои китоб аст» дар тарбияи маънавии шахсият бо иштироки нависанда Мачид Салим махфили адаби доир гардид. Хикояхои   Мачид Салим  олами вухушро дар бар гирифта   одамонро ба дуст доштани табиат олами хайвонот ва парандагон даъват менамояд. Таввасути  мутолиаи  хикояхои   «Фароштурук», «Тилисми морон», «Парасту», «Мурги дашти» ва дигар навиштахои устод  Мачид Салим   наврасону чавонон  ба асрори олами табиат аз наздик  шинос мегарданд.   Иштирокчиёни махфил  баргузории ин чорабиниро интизор буданд.»Махфили адаби» бо  бахшхои  гуногун  чолибу хотирмон  гузашт.  Дар кисмати  саволу чавоб,  наврасон хонандагони муассисахои тахсилоти миёнаи умумии  чамоати дехот ба саволхои худ чавоб гирифтанд. Дар ин чорабини адибони шинохтаи Точикистон Алимухаммад Муроди,  Хайрандеш  ва дигарон   пахлухои гуногуни эчодиёти нависанда Мачид Салимро кушода, ахамияти онро дар тарбияи маънавии чомеа мухим арзёби намуданд. Дар кисмати чамъбасти,  нависанда Мачид Салим аз ташкилкунандагони ин чорабини изхори минатдори баён намуда, кайд намудаанд, ки минбаъд низ  дар пешрафти хаёти фархангии  Точикистони азиз сахми арзанда хохад гузошт.

Баъди анчоми чорабини адибон бо вазъи китобхонаи чамоати дехот шинос гардиданд.    Дар китобхонаи чамоати дехоти Даштигуло,  зиёда аз 4000 хазор  адад  китоб  мавчуд мебошад. Чор нафар аъзоёни фаъоли китобхона  иштирокчиёни  даври  вилоятии   озмуни Чумхуриявии «Фуруги субхи донои китоб аст» мебошанд.  Адибон аз фаъолияти  китобхона   изхори каноатманди намуда,  китобхои тозаэчоди худро ба маъмурияти китобхона тухфа намуданд.

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *