home Руйдодхо Маркази нави тандурусти — Восеъ

Маркази нави тандурусти — Восеъ

Бахшида ба истикболи чашни 30 солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон дар нохияи Восеъ, чамоати дехоти ба номи Абди Авазов  дар дехаи Чаврез  маркази  нави баркароркунии саломати  мавриди истифода карор гирифт. Иншооти мазкур  дар доираи  иншоотхои чашни  бо пешниходи макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия ва дастгирии  сохибкори махалли  Холмухаммад Юлдошев  сохта шуда,  дар сохаи тандурусти  ва хифзи ичтимоии ахоли,  навгонии тоза ба кайд гирифта шуд. Дар маркази баркароркунии саломатии дехаи Чаврез,  20 нафар табибон ба кор чалб гардида, тибки итилоъи  рохбарият вобаста ба фаъолият ва сатхи хизматрасонии тибби ба ахоли  то охири сол  боз 10 чои кории  нав мухаё карда мешавад.

Кушодашавии боз як маркази баркароркунии саломати дар нохияи Восеъ   ин тавачухи Хукумати Точикистон дар раванди идома бахшидани ислохоти сохаи тандурусти ба масъалахои бехтар намудани дастраси, сифат ва самаранокии хизматрасонии тибби ба ахоли, мебошад. Дар доираи иншоотхои чашни бо икдоми сохибкори махали дар дехаи Чаврез хамчунин мехмонхона барои 70 нафар, туйхона барои  100 нафар ва 60 хучра,   манзили истикомати  мавриди истифода карор дода шуда, пешниходи ниёзмандон гардонида шуд. Бо пешниходи макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия,    дар ошёнаи  чоруми   бино  то охири  сол  коргохи адрасбофи ташкил гардида,  занону духтарони бешугли дехот  ба кор чалб карда мешаванд.

 

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *