home COVID-19 «Мухочирони мехнати» — Ковид-19 № 1

«Мухочирони мехнати» — Ковид-19 № 1

Фирдавси Бобочон, аз мухочири мехнати баргашт.   Дар  вазъияти коронавирус, рохо, ки баста шуданд, дигар ба Росия  рафта натавонист. У    коре пайдо карда,  ризку рузи пайдо  мекунад.   Ин навбат хишт мерезад.   Дар як руз ба кадри 65 сомони пул кор мекунад. Мегуяд, ки дар Россия  аз ин зиёд,  хазор то  ду хазор рубл пул кор мекард. Дар вазъияти ковид-19,  бисёр мухочирони мехнатие, ки  аз давлати Россия  ба ватан баргаштанд,  ба корхои сохтмони машгул мебошанд. Рамазон Шарофиддинов  яке аз он мухочирон аст.  Ин хонаро бо  хохиши  дусташ барои У  месозад. Сохиби манзил  дар федератсияи Россия  дар мухочирати мехнати аст. Барои сохтмони хонааш  У аз он чо ба Рамазон  пул мефиристонад.  Агар пул нафирастад, сохтмони хона нотамом мемонад.  На  хамаи мухочирони мехнати,   мисли Рамазон  ва Фирдавс дар ватан кор  меёбанд.  Чунин нафарон шумораашон  бисёр хастанд. Барои пайдо кардани кор, онхо  рохи  мардикорбозоро пеш мегиранд.

Дар маркази нохияи Восеъ, шахраки Хулбук назди бозор, ин  чои серодам,  мардикорбозор аст. Ин одамон корчуянда, хастанд.  Дар ин чо бо  Сафар Саидов вохурдем. Сафар аз нохияи Кулоб аст. То баста шудани рохо ба сифати мухочири мехнати ба федератсияи Россия рафту омад дошт. Акнун, ки рохо баста шуданд,  У  ру ба мардикорбозор кардааст. Дар мардикорбозор,  корчуяндагон  аз хамаи шахру нохияхои минтакаи Кулоб хастанд. Хар як нафари ба ин чо омада саргузашти худро дорад. Он чолибу, ба кас таъсирбахш аст. Мардикорбозор, расми нест.   Одамоне, ки ин чо меоянд аз чониби  шуъбаи агентии мехнат ва  шугли ахоли  ба кайд гирифта нашудаанд.   Хар як нафари ин чо омада,  такя ба худо  дорад, ки кор ёбад.  Сафар аз пагохии  барвакт ин чо интизор   аст.  Карибии нисфирузи корфармо пайдо нашуд. Ба хамин руз монанд, бисёр рузхо  бе натича мегузаранд. Кисми  дигари  нафароне, ки  аз  мухочирати   мехнати,  баргаштаанд,  мошин доранд,  рохи   мусофиркашониро пеша карданд. Дар нохияи Восеъ, ин нукта, самти  шахраки Хулбук — дехаи Сулхобод аст. Дар ин давра, ба чои шаш таксии мавчуд  буда,  15 такси зиёд гашт. Рафту омади мошинхо рохро танг   карда, барои мусофирон мушкили эчод кардааст. Аз вазъи  бозори мехнат дар шуъбаи агентии мехнат ва шугли ахоли дар нохияи Восеъ ба мо иттилоъ доданд.  Дар вазъияте  ки  мухочирони мехнати аз хоричи кишвар ба ватан баргаштанд, вазъи бозори мехнат  дар нохияи Восеъ боз хам муракабтар гаштааст.   Мухочирати мехнати  ва  вазъи  бозори мехнат дар вазъияти ковид-19 ин  мавзуъе буд,  ки   дар нишасти матбуотии раиси нохияи Восеъ,  хабарнигорон ба он тавачух намуданд. Дар ин хусус нуктаи назари рохбарияти нохияи Восеъ, чунин аст. Фирдавс, Рамазон максад доранд, ки бо   кушода шудани рохо ба мухочирати мехнати мераванд. Аммо Сафар бошад, максадаш дигар аст. Мушкилотхои мухочират ба дилаш задааст. У бисёр мехохад, ки дар ватанаш   чои кор  дошта бошад.

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *