home Руйдодхо Омодагихо ба зимистон — Восеъ

Омодагихо ба зимистон — Восеъ

Дар шахраки Хулбук, нохияи Восеъ  оилаи Амиршоевхо,   китъаи  замини  наздихавлигии манзили истикоматиашонро самаранок истифода намуда,  аз хосили он барои  захираи зимистон  шарбату афшурдахои гуногун омода менамоянд. Гулнора  Амиршоева, касби  духтури дорад.  Дар хона  бошад,  кадбону аст. Тобистон, ки мавсими омодаги ба зимистон мебошад, ин рузхоро ганимат шумурда, Гулнора  ба тайёр намудани хар гуна афшурдахо машгул мебошад.  Оиди тарзи тайёр намудани шарбату консервахо тачриба  дорад. Ин навбат аз махсулотхои гуногун афшурда тайёр менамояд. Дар зимистон истеъмоли ин гуна  гизои аз чихати экологи тоза ба чисму чон манфиатовар аст.

Дар доираи чорабинихои, усули хона ба хона намояндагони  раёсати кор бо занон ва оилаи назди макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Хатлон,  бо тачрибаи ин оила  аз наздик   шиносои пайдо намуданд. Муаян гардид, ки  ин оила барои зимистонгузарони омода мебошад. Махсулотхои гизои, аз кабили гандум  ва  хар гуна донагихо захира карда шуданд. Аз маводхои  сухт бошад, хезуми захира кардашуда барои ду сол басанда аст. Рохбарияти раёсати кор бо занон ва оила дар вилояти Хатлон бо занони нохияи Восеъ дар сухбат таъкид доштанд, ки чорабинии усули хона ба хона  дар самти мустахкамии оилахо натичахои хуб дода истодаанд.

 

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *