home Пандемия-коронавирус: овоз аз минтакахо Пандемия-коронавирус — овози минтакахо № 1. «Чорахои пешгири ва пахншавии вирус»

Пандемия-коронавирус — овози минтакахо № 1. «Чорахои пешгири ва пахншавии вирус»

Хушвакт Содиков, оиди вазъи сихатии ахоли  ва пешгирии  интикол ва  пайдоиши  сирояти нави   коронавирус,    маълумотхои тозаро  аз минтакахо  ба кайд мегирад.  Кормандони марказхои саломати дар дехот аз   натичаи  дар манзилхои истикоматии сокинон  гаштаашон   тарики телефон  хабар  медиханд.  Ин маълумотхоро  хамаруза   Хушвакт  Содиков   чамъ меорад.  Хушвакт Содиков  хамчун духтур бо беморон робитаи зич дорад. У низ ин бемориро аз сар гузаронидааст. Дар беморхона не дар хона  табобат гирифтааст.   Чои истикомати Хушвакт  шахраки Хулбук  маркази нохияи Восеъ  аст.  Махаллаи ба номи Умари Хаём яке аз махаллахои серахоли аст. Сокини хамин махалла Чинигул Абророва мегуяд, ки  ин бемориро дар холати вазнин гузаронидааст.  Тибки карори раиси нохияи Восеъ,  оиди  пешгирии бемории коронавирус дар  ситоди нохияви  дар  чамоатхои шахраку дехот ситоди дохили идорави  амал менамоянд.  Дар махалаи ба номи Умари Хаём Чиёншо чонишини раиси кумитаи махалла,У мегуяд, ки  дар махаллаи онхо  оиди пешгирии бемории коронавирус  аз чониби  чамоати шахрак  ё сохаи тандурусти ягон кор анчом дода нашудааст. Он чизе ки барои пешгирии ин бемори кардаанд, бо кумаки худи  сокинони махалла карда шудааст. Ин маводхои таргиботиро оиди пешгирии бемории коронавирус  ба онхо  мо  пешниход намудем.Он маълумотхое, ки   оиди ин бемори сокинон медонанд,  мегуянд, ки аз телевизор  шунидаанд. Нохияи Восеъ, дорои 69 деха мебошад. Аз руи  харитаи  чойгиршавии ахоли, ки аз чониби маркази назорати давлатии санитари эпидемиологии  нохияи Восеъ тартиб дода шудаанд, муаян мегардад, ки ин бемори дар чойхои серахоли бисёр ба кайд гирифта шуданд. Яке аз чорабинихои ситоди нохияви барои пешгирии бемории коронавирус ин хонагаштакхо мебошад.   Тибки  дастурамали ситоди нохияви  дар  махаллахо  кормандони тиб  вобаста карда шудаанд. Майсара Алимхонова корманди тиб дар махаллаи ба номи Умар Каюмов вобаста карда шудааст. Ин лахза У аз минтакаи хизматиаш баргаштааст. Бо У хамсухбат мешавем. Мохи ноябр, муасисаи кумаки аввалияи тибби санитарии нохияи Восеъ. Дар ин шуъба бемории ковид-19 ро муаян месозанд.  Инхо  беморони нав мебошанд. Барои муаян намудани  бемории коронавирус  шуъба аз  воситахои  оксиметр, хароратсанч, тестхои озмоиши барои муаян намудани антителахо беморонро аз санчиш мегузаронанд.   Корм андон гуфтаанд, ки ин воситахое мебошанд, ки муассиса бо кумаки вазорати тандусти дастрас намудааст.

Дар  ситоди нохияви оид ба пурзур  намудани чорахои зидиэпидемики барои пешгирии интикол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус   дар нохияи Восеъ  Хушвакт Содиков  котиби  ситод   мебошад. Дар муассисаи  кумаки аввалияи тибби санитарии нохия,  аъзоёни ситод  хамаруза чамъ меоянд. Дар машварати навбати   натичаи   кори якрузаашонро чамъбаст менамоянд. Ситоди мазкур бо максади амали намудани чорахои зидиэпидемики чихати пешгирии интикол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус ковид-19  дар асоси  карори раиси вилояти Хатлон  аз 20 уми марти соли 2020  ташкил  шудааст.  Яке аз чорахои  дигар оиди пешгирии  интикол ва пайдоиши  сирояти коронавирус  ин бурдани корхои таргиботи ташвик оти миёни ахоли мебошад. Ин лахзае аз фаъолияти  таргиботии кормандони маркази ташакулли тарзи хаёти солим дар  чойхои серодам аст. Дар ин варакахое, ки ба одамон таксим карда шудаанд, рохои пешгирии ин бемори ба таври содда ва фахмо  навишта шудаанд. Хамин гуна  чорабинихои оммафахмони  оиди пешгири ва интиколи бемории ковид-19 аз чониби  ташкилотхои чамъияти, дастахои ихтиёриёни назди бахши кор бо чавонон ва варзиш  мунтазам  бурда мешаванд. Дар маркази назорати давлатии санитари эпидемиологии нохияи Восеъ, оиди пешгири ва пахншавии бемори коронавирус  Абдукодир Сафарзода мегуяд, ки  аз чониби кормандони онхо  хама чорабинихои профилактики  саривакт  гузаронида мешавад. Мушкили дар самти ба койдахои бехдошти  риоя нашудан   аз чониби сокинон мебошад. Кодир Сафарзода ва  Хушвакт Содиков хамчун аъзои ситоди нохияви  шахсони масъули ин соха  барои пешгири ва пахншавии  бемории коронавирус  аз хамаи сокинон хохиш доранд, ки коидахои бехдоштиро  хатман риоя намоянд. Аз никобхои мухофизати, ва дигар койдахои мухофизати истифода намоянд.

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *