home Руйдодхо Рузи Конститутсия — Восеъ

Рузи Конститутсия — Восеъ

26 умин солгарди рузи  кабули Конститутсияи Чумхурии Точикистон  дар нохияи Восеъ,  дар касри  навбунёди  фарханг  чашн гирифта шуд. Дар чамъомади тантанави   намояндагони макомотхои хифзи хукук, кормандони  ташгкилоту муассисахо  ва ахли чамоатчигии нохия иштирок намуданд.  Нахуст раиси нохияи Восеъ,  бо маърузаи идона баромад намуда, сокинони нохияро ба ифтихори рузи Конститутсия табрик намуданд. Дар баромади раиси нохия кайд карда шуд, ки бузурги ва ахамияти ин санади мухими таърихи пеш аз хама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз чониби худи халк  ва барои халк  бо рохи ифодаи озодонаи майлу иродаи шахрвандони мамлакат кабул карда шудааст.

Ба  ифтихори  26 умин солгарди рузи Конститутсияи Чумхурии Точикистон аз номи макомотхои хифзи хукук    раиси суди нохияи Восеъ,  бо маъруза баромад карда, аз чумла кайд карданд, ки  мо дар даврони истиклол бо шарофати эхтиром ва амалишавии меъёрхои Конститутсия тавонистем чомеае бунёд намоем, ки дар фазои озоду демократи хукмфармо ва суботи сиёсиву вахдати милли, пешрафти бемайлон ва пойдевориву бардавомии имрузу ояндаи давлату миллат  таъмин гардидааст.    Дар кисмати фархангии чорабини кормандони бахши фарханги нохия  тахти унвони  Конститусия  чароги рахнамо  бо барномаи идонаи консерти баромад намуданд.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *